logo

Хабарҳо

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони “Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ” Ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он дар баробари намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният Ҷозеп Боррелл ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, раиси Бонки аврупоии эҳё ва рушд Одил Рено-Бассо, ноиби Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская  ва дигарон ширкат карданд. 
 
Дар чаҳорчӯбаи Ҳамоиш Ҷозеп Боррелл бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дод. Вай, аз ҷумла гуфт, ки бори охир дар Душанбе вохӯрда буданд ва агар хоҳанд, ки ҳамкорӣ, тиҷорат, мубориза бо тағирёбии иқлим, назорат бар қочоқи ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои муташаккилро дар саросари ҷаҳон нигоҳ доранд, бояд домани ҳамкориҳоро тавсеа бахшанд. 
– Соли гузашта ҳама аз масъалаи Афғонистон ва суқути Кобул ҳарф мезаданд. Имрӯз Афғонистон дар сархати хабарҳои матбуот нест, аммо Афғонистон вуҷуд дорад. Ба тасарруфи "Толибон" дар Афғонистон ва даст кашидани онҳо аз иҷрои ваъдаи худ дар бораи идомаи раванди фарогири сиёсӣ – таъмини ҳуқуқҳои одии занон, духтарон ва ақаллиятҳо– ба минтақа соя меандозад. Терроризм ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ меафзояд. Ин барои кишварҳои минтақа хеле муҳим аст, зеро онҳо бо Афғонистон марзҳои дурудароз доранд, – изҳор намуд Ҷозеп Боррелл.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар охири асри 20 – ибтидои асри 21 равандҳои ҷаҳонишавӣ боиси босуръат вусъат ёфтани алоқаҳои иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон гардид ва он ба инкишофи ҷамъиятҳо ва баландшавии дараҷаи некуаҳволии халқ мусоидат намуд. Аммо, имрӯз дар заминаи низоъҳои нави низомию сиёсӣ, COVID-19, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим ва ғайра ин равандҳо бо мушкилоти рӯзафзун дучор мешаванд ва дар соҳаҳои мухталиф маҳдудиятҳои гуногунро ба бор меоваранд. Дар чунин шароит барои ҳалли проблемаҳои бамиёномада ва фароҳам овардани ояндаи беҳтар мо бояд якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем ва амалҳои худро ҳамоҳанг созем.
Вай таъкид дошт, ки робитаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки аҳамияти геополитикиро касб намудааст, дар маҷмуъ, барои стратегияҳои рушд ва коммуникатсия нақши муҳим мебозад. Ҳадафҳои пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба ҳадафҳои миллии он мувофиқат мекунанд ва ҳамаи кӯшишҳоии муштарак метавонанд минбаъд ба раванди шукуфоӣ мусоидат намоянд, инчунин, барои таъмини амният ва устувории ҷомеа хидмат кунанд.
– Мамлакатҳои мо ҳамкориро дар доираи барномаҳои гуногуни дохилиминтақавӣ тавсеа мебахшанд, ки дар мавриди пурзӯр гардидани иқтисодиёт, ҷиҳати коҳиши таҳдидҳое, ки амнияти моро зери хатар мегузоранд, амалан ёрӣ мерасонанд, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Гуфта шуд, сарфи назар аз чунин рушд, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бо ҳам алоқаманд боқӣ мемонад, ки ҳанӯз барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ имкониятҳояш маҳдуданд, ҳаракати масофаи байни пунктҳои аҳолинишин мушкилоти зиёд эҷод намудааст. 
– Маҳз барои ҳамин, тамоми ҷидду ҷаҳди имрӯза бояд ба таъмини иқтисодиёт, иртиботи минтақа бо шабакаҳои энергияи ҷаҳонӣ, нақлиёт ва рақамӣ равона шаванд, ки ба ҳадафҳои глобалӣ мувофиқанд. Аслан, яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин соҳаи энергетика мебошад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги «энергияи сабз» маҳсуб меёбад, он ба масъалаҳои иқлим ва бунёди «рушди сабз» хеле мусоидат менамояд, – тазаккур дод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, Тоҷикистон солҳои 2018 ва 2022 мизбони ду Конфронси сатҳи баланд дар доираи Даҳсолаи об дар Душанбе буд. Ин конфронсҳо дар кори омодагӣ ба нишасти СММ нақши муҳим бозиданд. Таҳдиду чолишҳои имрӯза, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар боқӣ мондааст. Дар ин замина Тоҷикистон дар давоми чанд даҳсолаи охир беш аз 1000 пиряхро аз даст додааст. Барои ҳамин бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор содир намуд ва соли 2025-ро – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин, барпо намудани Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард.
Ба таъкиди С. Муҳриддин гузар-гоҳҳои зиёди миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки даҳсолаҳо баста буданд, кушода шуданд ва ин иқдоми наҷиб мусоидат хоҳад кард, ки ҳамкориҳои миёни ин ду кишвари ҳамҷавор боз бештар рушд намоянд. 
– Ман мутмаинам, лоиҳаҳое, ки айни замон дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, бо мақсадҳои ИА, ташаббуси Global Gateway барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни ИА ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорат, нақлиёт ва рақамисозӣ мувофиқат мекунанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки мутахассисони мо дар доираи ташаббуси Global Gateway лоиҳаҳои муштараке эҷод кунанд, то ки он шарёни муосири нақлиётӣ дар Осиёи Марказиро бунёд намояд ва минбаъд аз тариқи он воридшавӣ  ба бозори ягонаи Аврупо осон гардад, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Самарқанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 24444
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед