logo

иҷтимоиёт

САТРҲО АЗ СИДҚИ ДИЛ

Ҳарчанд дар солҳои 90-ум хурдсол будам, вазъи мушкил ва ҳолати  ранҷкашидаи атрофиёнро эҳсос мекардам. Тарс дар чашмони волидайн  ошкоро намудор буд, зеро ҳар лаҳза хатари аз даст додани наздикону пайвандон вуҷуд дошт. Акнун бо гузашти солҳо дарк намудам, ки пойдории  сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ чӣ қадар муҳим будаанд.  
 
Дар кишвар аввалин нишонаҳои ваҳдату осоиштагӣ маҳз ба шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гашт. Аз ин ҷост, ки бисёре аз мутафаккирон, оғози навини давлатдории тоҷиконро ба баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз рабт медиҳанд ва  чунин ҳам ҳаст. Яке аз хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи Иҷлосияи таърихӣ ин аст, ки он барои мо, тоҷикон Пешвои сиёсӣ овард, зеро дар он давраи ҳассос  ягон нафар ҷуръати бар дӯш гирифтани давлатдориро намекард, чунки аз мансабу вазифа дида, ҷонашонро азиз медонистанд. Вале дар ин миён ҷавони далеру сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ба хотири мансаб, балки барои барқарории якпорчагии кишвар ва сарҷамъии миллат ҷони худро зери хатар гузошта, зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Азбаски қалбашон поку нияташон нек буд, аз ҳеҷ чиз наҳаросиданд ва эътимоду бовари комил доштанд, ки аз уҳдаи ин кори ниҳоят душвор – баҳамории ду ҷониби мухолиф мебароянд. Аз суханронии эътимодбахши вакили ҷавони онвақта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан намоён буд, ки гуфтанд: « …Ин ҷаласаи охирон барои нуқта гузоштан ба даргириҳо бояд бошад!». 
Ҳамин тариқ, идеяи побарҷо сохтани сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон, ки ахиран мустақар гардид, аз Иҷлосияи  мазкур сарчашма мегирад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои ваҳдати миллӣ замина гузорад, ки аз баракати он имрӯз ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳамвора пеш мераванд. Ба нооромиҳо нуқта гузошта шуд ва нури сулҳу ваҳдат шуълавар гардид.  Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ки сулҳ оварданд ва сулҳро маҳз дар шароити душвори геополитикӣ пойдор нигоҳ доштанд, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар иҷро карданд.  
Сулҳоварии Пешвои миллат имрӯз марҳами дилҳо гашта, аз ин рӯ,  баҳри таҳсину сипосгузорӣ ба хидматҳои мондагори Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарди кишвар қалам рӯи коғаз гузоштам ва ин сатрҳоро аз сидқи дил ва самимият навиштам. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2022    №: 224    Мутолиа карданд: 1660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед