logo

Хабарҳо

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

 
Ҳамасола дар Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон  - мактаби олии рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ,  ки  донишҷӯён, магистрон ва докторантони кишварҳои гуногуни оламро ба  таҳсил  фаро гирифтааст,   чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ  баргузор мегардад. Дар  чорабинии имсола донишҷӯёни   давлатҳои  гуногун, аз кишварҳои Амрико, Олмон, Ҳолланд, Чин, Малайзия, Индонезия, Шри-Ланка, Бангладеш, Африқо, Мозамбик, Уганда, Миср, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Лаос, Филиппин, Ветнам, Муғулистон, Ҷопон, Бутан ва Непал бо пешниҳоди  таомҳои миллӣ ва  баргузории  барномаҳои фарҳангӣ   кишварҳои худро муаррифӣ  намуданд. 
Бори нахуст  хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сазовор Муродов, Аминҷон Пиров, Фарибо Идибекзода, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ - Солеҳ Аскарзода, Рустамҷон Умаров, аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ - Баҳодур Мирзоев дар  ин маърака  ширкат варзида, дар  баробари  пешниҳоди таомҳои миллӣ намунаи дастдӯзиҳо ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошта,  аз бобати  имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таърихи  фарҳанги миллат маълумоти мукаммалеро  манзури муштариён намуданд. 
Намояндагони Тоҷикистон ба ҳозирон оши палавро чун хӯроки миллӣ пешниҳод  намуданд.  Қобили зикр аст, ки хӯрокҳои пешниҳоднамудаи кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла оши палави тоҷикӣ, бо таъм ва лаззати нотакрораш ба  тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи Хиросима низ,   сазовори баҳои баланд гардид. Масъулони Донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ аввалин маротиба аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гаштанд.  Хизматчиёни давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Агентии Ҷопон барои таҳсил дар доираи бурсияҳои ҷудогардида ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода шудаанд.
 
Солеҳ АСКАРЗОДА, 
корманди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистранти Донишгоҳи Хиросима 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 24355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед