маориф
МАОРИФ. АГАР ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ НАМЕШУД…
Аз эълони соҳибистиқлолии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 то Иҷлосияи XVI – ноябри соли 1992 барои ҷумҳурии навтаъсиси мустақил фосилаи ниҳоят мураккаб ва хавфноку ҳассос буд. Бо ба даст омадани Истиқлолият ва ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёр, ки орзуву ормони ин миллати соҳибтамаддуни тоҷик буд, мебоист, ҷомеаи кишвар бо як талоши дастаҷамъона ба эъмори давлати наву муосир камар мебаст. Аммо ин тавр нашуд, баръакс кишвари тозаистиқлол бо кӯшиш ва саъю талоши қувваҳои дохилӣ, ки ҳомиёнашон аз берун буданд, ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Дар натиҷа, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф низ, рӯ ба таназзул ниҳод. Дар баъзе ноҳияҳо мактабҳо тамоман аз фаъолият бозмонданд. Он замон қариб ҳама дар ғами наҷоти ҷони худ буд. Маориф, ки дар тамоми ҷаҳон аз соҳаҳои умда ба шумор меравад, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хароб гашт. Аммо баъди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, соҳаи маориф сол ба сол рушд кард, зеро Пешвои миллат бо дарки он ки рушди тамоми соҳаҳо ба маориф бастагӣ дорад, ба соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Мо, шоҳиди онем, ки сол ба сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёд мегардад. Дар натиҷа, тамоми зинаҳои маорифи кишвар рушд намуд ва давоми 30 соле, ки миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояду соҳибихтиёр аст, соҳаи маориф низ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Пеш аз ҳама, барномаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҷдид ва мувофиқ ба талаботи давр гардиданд. Дар бисёре аз деҳаҳои дурдасти кишвар муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва мактабҳои типи нав сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, дар ин солҳо Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дар самти маориф созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар натиҷа мо тавонистем ба барномаҳои пешрафта дар соҳаи маориф, илм ва техника дастрасӣ пайдо намоем. Ин ва дигар чораҳои андешидашуда боиси он гардиданд, ки хонандагони мо дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Ба ҷуз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҷалби ҷавонону наврасон ба илм ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» доир шаванд. Ин озмунҳои умедбахш воқеан, таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба илм ва китобхонӣ ҷалб намуда, роҳи фардои онҳоро дурахшону мунаввар месозад. Хулоса, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди маориф хеле зиёд аст ва агар Иҷлосияи XVI намешуду иштирокдорони он ба як қарори созанда намеомаданд, мо ба ҷойе расида наметавонистем. Бояд эътироф кард ва ба насли нав бифаҳмонд, ки Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, дар заминаи санадҳои қабулнамуда дар ин Иҷлосияи таърихӣ, бо татбиқи барномаи мушаххасу мукаммал ва сиёсати созанда тавонист дар фосилаи кӯтоҳтарин ҷумҳуриро аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ берун оварда, сулҳу суботи кишварро таъмин намояд. Бале, ин ҳамаро мо - омӯзгорон ба ҷавонони имрӯза бояд бигӯем, то бидонанд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғози марҳалаи нави давлатдории миллии тоҷикон мебошад ва ҳама он дастоварде, ки дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо дорем аз ҳамин санаи таърихӣ сарчашма мегиранд.
Нордона ҶОЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ № 9, ноҳияи Рӯшон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2022 №: 224 Мутолиа карданд: 1596