иҷтимоиёт
ДДХ. ТАТБИҚИ ТАДБИРҲОИ ОЯНДАСОЗ ТАВСЕА МЕЁБАД
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Раёсати Донишгоҳ дар баробари омӯзондани ҷавонон, инчунин, барои устодон низ, шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамасола чун анъана ҷиҳати пешвоз гирифтани оғози соли нави таҳсил корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ҳамаи факултетҳои ин Муассисаи олии таълимӣ вусъати тоза касб менамояд. Дар доираи ин ташаббус ҳуҷраҳои биноҳои таълимӣ таъмир гардида, ҳуҷраҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, дар баъзе аз факултаҳои Донишгоҳ синфхонаҳо ва роҳравҳои он аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда мешаванд.
Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳ дар биноҳои 1 ва 2 – юми таълимӣ лифтҳои куҳнаро таъмир ва таҷҳизоти нав насб намуд. Ҳамзамон, синфхонаҳо ва роҳравҳои биноҳои №№ 1 ва 2 пурра таъмир шуданд.
Дар ин давра бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои таҳсил ва истиқомати устодону донишҷӯён хобгоҳҳо таъмир гардиданд. Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дар ин маврид чунин иброз дошт: “Дар хобгоҳи № 8 устодону кормандони Донишгоҳ аз соли 2011 истиқомат менамоянд. Бино бо сабабҳои гуногун ягон воситаи сукунат надошт. Барои назорати бино ду нафар – комендант ва посбон масъул буд. Аз нимаи дуюми соли 2011 ба 40 блоки он оилаҳои омӯзгорону коргарон ҷой дода шуданд. Ҳар кас ба қадри имкониятҳои молиявии худ шароити истиқоматиро муҳайё карда, дар хобгоҳ сокин шуд. Мутаассифона, хонаҳо таъмир шуда бошанд ҳам, истиқоматкунандагон имконияти тунукапӯш кардани бино ва бинои иловагии онро надоштанд. Дар борону барфи баҳору тирамоҳ ва зимистон боми хонаҳову долонҳо мечакиданд ва корҳои нисбатан ободкардаро хароб карда, об роҳравро мегирифт.
Хушбахтона, дар оғози соли таҳсили 2022-2023 биноҳои асосӣ ва иловагии хобгоҳҳои №№ 5 ва 8 пурра тунукапӯш шуданд. Чунин ободкориҳо дар самтҳои дигари фаъолияти ин боргоҳи илму таълим идома доранд. Имрӯзҳо корҳои сохтмони маҷмааи нави таълимӣ низ суръати тоза мегиранд. Баланд кардани музди меҳнат, ҳавасмандгардонии муҳаққиқон, осон кардани шароити кор, насби лифтҳои замонавӣ дар биноҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозии иншоот, ободонӣ, баргузории доимии конфронсу семинарҳо, машваратҳо, аёдати собиқадорон ва дигар тадбирҳои омӯзанда боиси руҳбаландии устодону унвонҷӯёни Донишгоҳ мегардад.
Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ободу зебо гардидани намои зоҳирӣ ва дохилии он аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамояд. Минбаъд низ дар самти тарбия намудани ҷавонони лаёқатманду забондон ва мутахассисони варзида ва ба кор ҷалб намудани онҳо як зумра корҳои назаррасро ба иҷро расондаанд, ки дар баланд бардоштани руҳияи худшиносиву худогоҳии донишҷӯён ва ифтихори миллии онҳо саҳми сазоворе мегузорад.
Шоҳин БОБОНАЗАРОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2022 №: 224 Мутолиа карданд: 1301