logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

 
Аз 15 то 18 ноябр дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (шаҳри Челябинск) Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таҳти унвони “Воқеияти нав – расонаҳои нав” баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии декани факултет, доктори илмҳои филология, дотсент Абдулмуъмин Қутбиддинов, донишҷӯёни  Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва лидерони ҷавони кишвар ширкат доштанд. 
 
Дар Форум, инчунин, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, роҳбарони ҷавон, донишҷӯёни донишгоҳҳо, намояндагони сохторҳои амалкунандаи сиёсати ҷавонон дар Россия ва Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Москва, Санкт-Петербург, Саратов, Архангелск ва дигар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиёни Форумро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, сардори Сарраёсати сиёсати ҷавонони вилояти Челябинск Светлана Калимуллина ва иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи Урали Ҷанубӣ Александр Вагнер истиқбол гирифтанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ зикр кард, ки вазифаи муҳими Форуми мазкур ташаккули фазои ягонаи илмию таълимист. ДДУҶ ҳамчун минбари форум тасодуфан интихоб нашудааст, мо бо донишгоҳҳо ҳамкории хуб дорем ва дар ин самт дар манотиқи Тоҷикистон фаъолона кор карда истодаем. Ман мехостам, ки чорабинӣ шаклҳои нави ҳамкорӣ, роҳҳои алоқаи иттилоотиро пайдо кунад, то ҳамон шароите, ки дар донишгоҳҳои Россия вуҷуд доранд, ба Тоҷикистон низ, бурда шаванд. Нуқтаи муҳим ин мутобиқшавӣ, дарки анъанаҳо, фарҳанг ва таърихи давлатҳои гуногун мебошад. Ин на танҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, балки барои мо низ, зарур аст, робитаи дурустро пайдо кунем, дӯстии нав бунёд намоем, то ки ин дӯстӣ ҷаҳонӣ гардад.
Ба андешаи Латифабону Рустамзода, иштирокчии Форум, ин чорабинӣ барои барқарорсозии робитаи дӯстии дуҷониба заминаи хубе хоҳад гузошт: "Барои дарёфт ва аз худ намудани донишҳои нав дар фазои медиажурналистика ба Россия омадам ва баъд аз иштирок дар дарсҳои маҳорат, саволу ҷавоб маълумоти нав гирифтам ва умедворам, ки дар давоми фаъолияти рӯзноманигориам аз онҳо истифода менамоям. Бояд гуфт, ки баргузории чунин форум бароям таассуроти рангину хотирмон гузошт ва таконе барои сохтани шахсияту оянда шуд". 
Чорабинии мазкур соли сеюм баргузор мегардад ва он аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, созмони пойгоҳи кишварҳои узви ИДМ оид ба кор бо ҷавонон ва Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии “Шурои миллии Ассотсиатсияи ҷавонон ва кӯдакони Россия” ташкил карда шуд.  
Бояд гуфт, ки дар Форум хабарнигорони “Ҷумҳурият” Латифабону Рустамзода, Дилноза Ҳукматуллоева ва ман – муаллифи ин сатрҳо иштирок доштем. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
Душанбе – Челябинск – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 22844
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед