logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

 
21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев  суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  
Дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба  муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистони дӯст орзу намуданд.
Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҷараёни баланди рушду таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлатро таъкид карданд. Дар ин зимн,  алоқамандии тарафайн ба идомаи амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид гардид. Мувофиқа ба даст омад, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ намоянд.
Президентҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми суҳбат Президенти Қазоқистон аз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал овард. Пешвои миллат дар навбати худ муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуданд. Муҳлатҳои сафарҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд.
Пешвои миллат дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба унвони муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев  барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2022    №: 224    Мутолиа карданд: 919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед