logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкиливу ташвишҳои зиёде 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб ба кори худ шуруъ намуд. Рӯзи аввал дар Иҷлосия аз 230 вакили халқ 193 нафар иштирок дошт. 3 вакил вафот карда буду 4 нафари дигар бо сабабҳои гуногун дар оғози ҷаласа ҳузур надошт ва баъдан ҳамроҳ шуд. 30 нафар наомад. Иҷлосия корро аз ташкили комиссияи муросо барои баррасии рӯзномаи Шурои Олӣ оғоз намуд. Дар ибтидо ҳангоми баррасии масъалаи раисикунанда ва ширкати даъватшудагон дар ҷаласаи Шуро баҳси доманадор ва ибрози назарҳо ба миён омад. Бинобар ин, рӯзи дуюм, яъне 17 ноябр бо мақсади аз байн бурдани ихтилоф доир ба ҷараёни Иҷлосия ва ба маҷрои муайян ворид намудани он маҷлиси машваратӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои Ҳукумат, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд, собиқадорон, олимону адибон, намояндагони аҳзобу созмонҳо, ҷамъиятҳо, рӯзноманигорон, инчунин, намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ доир гардид. 
Иштирокчиёни маҷлиси машваратӣ доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули Конститутсияи нав, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ сухан гуфта, аз Шурои Олӣ қотеона талаб намуданд, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор қабул намояд. Махсусан, баромади раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки бо лаҳни хеле муассир доир ба аҳволи вазнину мураккаби сокинони вилоят, мушкилоти шадиди иқтисодии ба иллати муҳосираи иқтисодӣ ба миён омада, эҳтиёҷи мардум ба одитарин маводи ғизоӣ ҳарф зад, бештар мавриди таваҷҷуҳи ширкаткунандагон гардид. Намояндаи мардуми Кӯлоб дар парламент воқеъбинона вазъи вилоят ва ҷумҳуриро таҳлил намуда, аз хисороти азими ба бор овардаи ҷанги шаҳрвандӣ, бесалоҳиятӣ ва аз уҳдаи идоракунии кишвар набаромадани мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ  ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки давом додани хунрезӣ беақлист ва имрӯз мақсади асосии дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷамъ омадани мо пешгирии ҳамин хунрезӣ ва барқарорсозии сулҳу оромӣ дар мамлакат аст. 
Ҳамин тавр, ҷаласаи машваратии рӯзи 17 ноябр дебочаи ҷиддие барои таъмини рафти муназзами сессияи XVI Шурои Олӣ ва мураттабсозии рӯзномаи он гардид. Новобаста аз ҷой доштани ақидаву андешаҳои гуногун, кӯшишҳои ба манфиати шахсони алоҳида ва қувваҳои ҷудогона мувофиқ сохтани маҷрои Иҷлосия, бори нахуст пас аз фосилаи мадид дар ин ҷамъомади машваратӣ манфиати кишвару миллат бар манфиатҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида ғолиб омад.
18 ноябри соли 1992 баъди танаффуси якрӯза Иҷлосия кори худро идома дод. Намояндагони халқ дар нимаи дуюми рӯз пас аз мубоҳисаҳои тулонӣ ва ҷиддӣ рӯзномаи Иҷлосияро бо баррасии 23 масъала тасдиқ намуданд.  
19 ноябр он тибқи рӯзнома кори худро идома дода, масъалаҳои бозхонди Раиси Шурои Олӣ ва интихоби Раиси нави парлумонро баррасӣ намуд. Вакили мардумӣ Б. Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии № 47, ноҳияи Ҳисор номзадии намояндаи халқ, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод кард. Дар натиҷаи интихобот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 186 нафар намояндаи халқ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан намуда, аз боварӣ ва эътимоди онҳо изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки аввалан натиҷаи овоздиҳӣ нишонаи ҳамфикрӣ ва ваҳдати дохилии мақомоти олии намояндагии кишвар мебошад. Раиси Шуро дар нахустин суханронӣ ба тарзи мухтасар барнома ва мақсаду мароми худро ҳамчун Сарвари тозаинтихоби давлат манзур намуда, иброз дошт, ки, пеш аз ҳама, барои муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо ҷуста, ба минтақаҳои ҷангзада сафар менамояд. 
Махсусан, суханони аввалин ва изҳороти қатъии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард» ва «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам» барои мардуми кишвар ва тамоми тоҷикон умеди тозаю гармеро дар роҳи раҳоӣ аз вартаи нестӣ ва ба даст овардани мувофиқаи ҳамагонӣ ба бор овард. Чунин суханон ва қадамҳои аввалини Сарвари нав, ки бори вазнин ва масъулияти бузурги таърихиро дар ҳассостарин лаҳзаи тақдирсози миллату кишвар ба дӯши худ гирифт, аз ибтидои марҳалаи нав дар таърихи кишвар шаҳодат медод. Муҳимтар аз ҳама, ҳанӯз дар рафти кори Иҷлосия сокинони кишвар ва сиёсатшиносону сиёсатмадорони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон  роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ берун орад. Муҳимтарин ва арзишмандтарин рисолати таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин барқарорсозӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол ва наҷоти миллат ва кишвар аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ мебошад. Ибтикори дигари ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар буд. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи санадҳои қабулнамуда ва роҳи интихобкардаи ин Иҷлосияи таърихӣ, бо назардошти масъулияти бузурге, ки таърих ба дӯш ниҳод, бо татбиқи барномаи мушаххасу мукаммал ва сиёсати мудаббирона тавонист дар фосилаи кӯтоҳтарин ҷумҳуриро аз буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ берун оварда, сулҳу субот ва рушди оромонаи кишварро таъмин намояд. 
 
Насрулло УБАЙДУЛЛО, 
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед