иҷтимоиёт
АБДУЛҲАМИД АЛ-КИБӢ: "ТОҶИКИСТОН ОРОМИШУ АМНИЯТИ МИНТАҚАРО ҲИФЗ МЕНАМОЯД"
Тоҷикистон дорои гуногунандешии этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳамзистии осоишта аст ва ин вижагии асосӣ воқеияти ҷомеаи муттаҳид ва ҳамгироии тоҷиконро ташкил медиҳад. Зимнан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона машғули кору фаъолиятанд, бар мабнои Конститутсия озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи шаҳрвандон кафолат дорад.
Дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил ва ҷамъӣ мустақар буда, солҳои дароз миёни ҷомеа ҳеҷ гуна ихтилофот ва ё низоъҳои мазҳабию қавмӣ рух надодааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи сиёсати ҳамзистии фикрию ақидатии минтақавӣ як ҳолати интерактивиро ба вуҷуд овард, ки боиси пайдоиши ҳаёти осоиштаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардид. Аз тарафи дигар, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар сулҳу оромии комил барқарор буда, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар ҳоли рушд мебошад.
Дар Тоҷикистон қонун фаъолияти озоди ташкилоту муассисаҳои диниро таъмин мекунад. Шаҳрвандон озодона аркони диниро тибқи майлу хоҳиши худ ба ҷо меоранд. Таҷрибаи ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, руҳонияти миллӣ дар ин кишвар раванди озодандешӣ ва ҳамзистии ақидатиро таҳкиму тақвият бахшида, роҳро барои гуфтумони маданӣ, тафоҳуми мардумӣ ва демократияи куллӣ ҳамвор месозад.
Аз ин ҷост, ки бар асари ҳамзистии осоишта, озодии виҷдон ва таҳаммулпазирӣ фазои муътадили маданӣ дар кишвар ба вуҷуд омада, сатҳи ифротгаройии динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб коҳиш ёфта истодаанд.
Маълум аст, ки тамоми тасмиму тадбирҳои Ҳукумат дар самти танзими фаъолияти динӣ ва авзои ақидатӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, озодиҳои диниро дар ҷомеа маҳдуд намекунанд ва давлат бо такя ба арзишҳои фарҳангӣ, роҳандозӣ намудани пружаҳои ҳамзистӣ аз ҳузуру нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрави динӣ – мазҳабӣ ҷилавгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон намуна – модели ҳамзистии осоиштаро барои ҳифзу бақои низоми сиёсию давлатӣ, ки дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии ҳамаи қишрҳои ҷомеа асос меёбанд, пешниҳод менамояд.
Дар ҳоле ки хатарҳои глобалие, назири терроризму экстремизми динӣ ҷаҳон ва минтақаро таҳдид мекунанд ва дар баъзе кишварҳо раванди ҳамзистии ақидатӣ ва мушорикату муколимоти мазҳабӣ ба таври шоиста ҷараён намегирад, Роҳбарияти олии давлати Тоҷикистон аз таҳаммулпазирӣ ва озодии виҷдон дифоъ мекунад ва аз ин тариқ сулҳу субот, оромишу амният дар минтақаро ҳифз менамояд. Албатта, дар ин ҷода хидмати Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2022 №: 225 Мутолиа карданд: 1281