logo

маориф

МАОРИФ. НУФУЗИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ МАРЗҲОИ КИШВАРРО БОЯД УБУР КУНАД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ Вазорати маориф ва илми кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва донишҷӯён чораҳои иловагӣ андешанд, илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро омӯзанд ва ба масъалаи аз худ намудани илмҳои дақиқ ва ба омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ афзалият диҳанд. Наздикшавӣ ба нишондиҳандаҳои кафолати сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбие мебошад, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯи бозори меҳнат дар асоси таъмини таълими босифат ва таҳкими заминаи моддию техникии муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳад. Фароҳам овардани шароити мусоид дар Донишгоҳ ба корҳои илмию инноватсионӣ, густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дар ин замина, такмили маҳорати касбии татбиқи технологияҳои нави саноатӣ ва такмили мундариҷаи барномаҳои таълимӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Чанде пеш як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи мазкур дар асоси даъвати расмии Донишгоҳи Сантяго де Компостелаи Испания дар доираи лоиҳаи «MIETC» - «Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар марҳилаи гузариш» - и барномаи «Эразмус+» - и Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Сантяго де Компостелаи Испания сафари корӣ анҷом доданд. Бо мақсади рӯшан гардондани ҳадафҳои лоиҳаи мазкур ва раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти корҳои илмию инноватсионӣ суҳбате доштем бо муаллими калони кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Дилрабохон Рашидова.
- Аз 280 нафари ҳайати омӯзгории Донишгоҳ шумо ба рӯйхати ширкатдорони чунин як лоиҳаи бонуфузи байналмилалӣ шомил шудаед. Ин муваффақиятро дар чӣ мебинед?
- Албатта, ман ифтихор доштам, ки ҳамчун иштирокчии лоиҳаи байналмилалӣ, дар қатори гурӯҳи 10-нафара шомил шудам. Метавонам бигӯям, ки самти фаъолияти илмии ман ба мавзуъ ва ҳадафҳои лоиҳаи байналмилалии «MIETC» мувофиқат мекард, зеро худи лоиҳаи «MIETC» бо таҳияи барномаҳои магистрӣ, рушди маҳорати педагогӣ ва такмили мазмуни барномаҳои таълимӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалии таҳсилот алоқаманд аст.
- Ҳамчун муаллифи мақолаҳои илмии васеъистифодашаванда дар пажӯҳиши худ кадом масъалаҳоро мавриди омӯзиш қарор додаед?
- Дар рафти тадқиқот ман дар назди худ вазифаи хеле муҳим гузоштам, ки масъалаи рақобатпазирии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, механизмҳои нархгузории бозорӣ ва рушди бозори хизматрасониҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ дар соҳаи маорифро барои баланд бардоштани самаранокии сифати хизматрасонии таълимӣ дида бароям.
Дар оғози кори илмиам вазифаи асосии ман омӯзиши хусусиятҳо ва мушкилоти хизматрасонии таълимӣ дар ташкили таълим, омӯзиши асосҳои консептуалии ташаккули талабот ба хизматрасонии таълимӣ ва таҳлили муосири вазъи кунунӣ ва тамоюли рушди бозори хизматрасониҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Имрӯз дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ афзоиши назаррас мушоҳида мешавад. Дар баробари ин, мактабҳои олӣ дар рақобат қарор доранд. Пешсафони бозори хизматрасониҳои таълимӣ ҳамон муассисаҳои таълимие мебошанд, ки тавонистанд хидматҳои маъмултарини таълимиро пешкаш намоянд. 
- Дар фаъолияти илмии худ ба омӯзиши кадом масъалаҳо диққати махсус медиҳед?
- Умуман, дар доираи фаъолияти илмии худ зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 7-тоаш дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба табъ расидаанд, ки дар онҳо саволҳо оид ба рушди маориф, рақобатпазирӣ, низоми кредитию модулӣ, ки имрӯз дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъдошта ба миён омадаанд, ошкор карда шудаанд. 
- Хеле хушоянд аст, ки Донишгоҳ барои фаъолияти густурда ба шумо чунин имкониятҳоро фароҳам овардааст. 
- Бале, комилан дуруст аст. Ифтихормандам, ки дар ин Донишгоҳ фаъолият намуда, дар рушди маориф саҳми босазо гузоштам ва бо олимони барҷаста, аз қабили Р. Раҳимов, Т. Усмонова, А. Рауфӣ вохӯрдам. Инчунин, барои дастгирӣ ба ректори Донишгоҳ И. Амонзода ва проректор М. Тошматов изҳори сипос менамоям. 
Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок менамоям. Корҳоям аз ҷониби ҷомеаи илмӣ истиқболи хуб пайдо карда, барои доираи васеи мутахассисон муфид буда, посухи мусбат ҳам мегиранд. 
Донишгоҳи мо дар давоми фаъолияти худ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ зиёда аз 12 500 мутахассиси баландихтисосро тайёр кардааст, ки зиёда аз 600 нафари онҳо Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаанд. Донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мактаби олиест, ки барои соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисони рақобатпазир тайёр мекунад.
- Баргардем ба лоиҳаи MIETC. Ҳадаф аз ширкат дар ин лоиҳа чӣ буд ва нақшаҳо то чӣ андоза амалӣ шуданд?
- Мақсади асосии сафар иштирок дар як силсила тренингҳо оид ба такмили маҳорати касбӣ аз рӯи баъзе фанҳои таълимӣ дар соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ, рушди маҳорати педагогӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави саноатӣ ва такмил додани мундариҷаи нақшаҳои таълимӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалии таҳсилот буд. Тибқи нақша семинарҳои омӯзишӣ оид ба фанҳои таҳлили молиявӣ, усулҳои тадқиқот ва таҳлили маълумот, таҳлили фазоӣ гузаронда шуданд, ки дар рафти он имкон пайдо кардем, ки маълумотҳои воқеии оморӣ истифода бурда, корҳои таҷрибавӣ ва санҷишӣ гузаронем. 
Боварӣ дорам, ки донишу малакаҳое, ки ман дар рафти омӯзиш дар доираи лоиҳаи MIETC «Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии тиҷорати саноатӣ барои кишварҳои дорои иқтисодҳои гузариш» гирифтаам, минбаъд дар татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи соҳибкории технологияҳои саноатӣ мусоидат мекунанд.
- Ба назари Шумо, дар муқоиса бо муассисаҳои таълимии мо, самти таълиму тарбия дар мактабҳои олии пешрафтаи ҷаҳон чӣ фарқият дорад?
- Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар мактабҳои олии хориҷӣ, махсусан дар шаҳри Сантяго-де-Компостелаи Испания, нақшаҳои таълимӣ мувофиқи инкишофи замон ва талабот тағйир меёбанд. Бояд гуфт, ки дар ин донишкадаҳо фақат ҳамон ихтисосҳо омӯхта мешаванд, ки ба онҳо дар хоҷагии халқ талабот мавҷуд аст. Ғайр аз ин, алоқаи илм бо истеҳсолот ва самаранок истифода бурдани шуъбаҳои лабораторию кафедраҳои мобилӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз заминаи моддию техникии тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳким ёфта, паркҳои технологӣ самаранок истифода мешаванд.
 
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 2037
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед