logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

 
23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ бо иштироки сарварони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар ҷаласа сарварони давлатҳои аъзои Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти  байналмилалию  минтақавӣ  ва  натиҷаҳои  асосии  фаъолияти  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррасӣ намуданд. Сарвари давлат бори дигар аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян ҷиҳати ташкили сатҳи баланди тадорукотии кори ҷаласа ва иҷрои корҳо дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати қабули раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табрик гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, фаъолияти пурсамари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – Станислав Засро таъкид намуда, ба роҳбари навтаъини Созмон Имангали Тасмагамбетов барори кор орзу намуданд.
Аз рӯи натиҷаи кори ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед