logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НАМУНАИ ОЛИИ РОҲБАРИ МАРДУМӢ

Баъд аз он, ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст. 
 
Раҳмон НАБИЕВ, 
собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оилаи тифоқу софдил, ростқавлу некандеш тарбия ёфта, илми роҳбариро дар совхози ба номи Ленини ноҳия Данғара омӯхта, ҳамчун сарвари болаёқат, комилу кордон ба камол расид. 
 
Хоҷагии ба номи Ленин зери роҳбарии ин шахсияти бузурги арсаи меҳнат, дар соҳаҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ ва чорводорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба яке аз коллективҳои номдор табдил ёфт. Роҳбари хоҷагии овозадор Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун олими соҳаи кишоварзӣ шинохтанду эътироф намуданд. Ӯ бузургии худро, чӣ қадре ки тавонист, дар арсаи меҳнат нишон дод. Худро ҳамчун як роҳбари одӣ, нисбат ба мардум хоксору меҳрубон муаррифӣ кард. Натиҷаи ҳамин дастовардҳо буд, ки соли 1991 оммаи васеи халқ ӯро дар қатори даҳ номзад дар ҳавзаи интихоботии № 172, ба вакилии мардумӣ дар Шурои Олӣ пешбарӣ намуданд. Чун бо мардум ҳамдаму ҳамнафас буданд, бо пуштибонии раъйдиҳандагон дар интихобот пирӯз шуданд.
Вақте дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, Худованд ба ӯ неруву тавон бахшид. Ҳамчун Раиси Шурои Олӣ тавонистанд, ки давлату миллатро аз нестиву парокандашавӣ нигоҳ доранд. Дар қалби ғамдидаи халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият шуълаи умед афрӯхтанд. Суханони пурҳарорат, ҳақиқатан ҷавонмардонаи ӯ дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХVI Шурои Олӣ “Ман ба шумо сулҳ меорам!” чун шамъи фурӯзон роҳи орзуи ягонаи миллионҳо сокинони Тоҷикистони азизро мунаввар сохт. Чуноне ки устод Лоиқ Шералӣ гуфта буд: “Ба бахти миллати мо дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёту мамоти кишвар, Худованд  баҳри  наҷоти  миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯсти акнун ба сиёсати калони давлатдорӣ погузоштаро ба майдон овард. Бо амри тақдир тоҷи каёнӣ ба сараш афтоду масъулияти ояндаи халқу Ватан ба дӯшаш”.
Ибораи умедбахши “Ман ба шумо сулҳ меорам” номи ӯро чун сиёсатмадори ҷаҳонӣ машҳури олам гардонд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаву мардумсолории ӯ идома дорад. Маҳз ба шарофати сари қудрат омадани ин фарзонафарзанди миллат, халқи тоҷик ба дастовардҳои беназир соҳиб гашт. Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар ва тоҷикзабонони дунё боиси ифтихор аст. 
Имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон мардуми Тоҷикистонро бо исми шарифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд, зеро ин амбармарди дунёи сиёсат бо хираду заковати азалии худ тавонист ин миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонда, номашро дар арсаи дунё боло бардорад. Бояд гуфт, ки дар тарғиби давлатдории ҳар қавму миллат шахсоне пайдо мешаванд, ки чун ахтари пурҷило, роҳи ояндаи миллати худро дурахшон менамоянд. Ба бахти миллати мо, он ахтар дар осмони миллати тоҷик тобанда гашт ва аз дурахши он имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устувории чун кӯҳ, иродаи матин, Пешвоии худодод ва дилсӯзу хирадсолории худ тавонистанд, халқро муттаҳид сохта, мардуми тоҷикро ҳамчун миллати сулҳпарвар сарҷамъ ва волохирад ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Ҳарчанд хидматҳои бемислашон ниёз ба таблиғ надоранд, лекин кам иттифоқ меафтад, ки касе мисли ӯ барои сарҷамъию осудагии миллати худ ин қадар талош варзида бошад. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст, дар тули 30 соли соҳибистиқлолӣ ба ҳайси Сарвари Тоҷикистон, дар сарнавишти миллати бостонӣ ва мутамаддини тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард. Ногуфта намонад, ки  дар ин комёбиҳои беназир, ки Ҷаноби Олӣ дар олам ба маъруфият расидаанд, ҳама вақт дар сиришташон ду сифати нодир – ҷасорати фикр  ва ҷасорати амал бо ҳам тавъам буданд ва ҳастанд. 
 
Холназар КАСИРОВ,
собиқадори матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед