logo

сиёсат

ҲАСТИИ МО ДАР НИШОНУ ПАРЧАМ АСТ

Парчами давлатӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Парчам, бешубҳа, як рукни муқаддас ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат дар рӯи Замин мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Халқи тоҷик дар оини давлатдории хеш аз қадимулайём аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ, соҳибпарчам будани аҷдоди мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳҳок – шоҳи бедодгар, рафта мерасад.
Хушбахтона, лаҳзаҳое, ки аз назди Боғи Парчами давлатӣ мегузарам, ҷилваи баландтарин парчами дунё – Парчами миллати тоҷикро бештар эҳсос менамоям. Он Парчами иқболи наслҳои имрӯзу ояндаи мост. Азму кӯшиш ва муборизаи чандин насли фидокори кишвар дар се ранги пурҷилои он нақш бастааст. Илова бар ин, Парчами давлатии мо – рамзи ҷасорату садоқат ба Ватан, мероси азизи ниёгон, парчами додхоҳӣ ва адолату додгустарӣ ба шумор меравад.
Баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ – Парчами давлатӣ гардид. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсия, Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи асноди мазкур, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихбот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Инчунин, Парчами давлатӣ дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншуда афрохта мешавад.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тули таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, эҳтиром ба руҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост.
Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишвардорӣ будани онҳост. Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст.
Хушбахтона, ба шарофати заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ, арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил карда шавад. Ҳамин тариқ, ин амр тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 мустаҳкам гашт. 
Парчами мо чун рамзи соҳибистиқлолӣ имрӯз дар радифи дигар кишварҳо дар бинои СММ ва дигар ташкилотҳою давлатҳои дунё, 30 сол мешавад, ки партавафшон аст. Ҳар лаҳза дар мусобиқаҳои гуногуни дохилию байналмилалӣ ҳангоми ғолибияти фарзандони сарзамини мо парчами Ватан боло бардошта мешавад, ки ин ҳолат ҳар фарди баору номуси Тоҷикистонро хело руҳбаланд мекунад. 
 
МАЛИКЗОД Парвина Иноятулло, вакили Маҷлиси намояндагон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 893
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед