logo

сиёсат

РАМЗИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Имсол аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид, ки он имрӯз яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои халқи кишвар мебошад. Дар он даврони вазнини таърихӣ, яъне солҳои 90-уми қарни гузашта, қабули Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ буд, зеро халқи парокандаи мамлакат ба сарҷамъию ваҳдати миллӣ ниёз дошт. 
 
Агар ба саҳфаҳои таърих назар афканем, мебинем, ки аҷдоди миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти дирафш садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд. Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби Парчами давлатӣ,  гардид ва дар атрофи он муттаҳид шуд.
Раиси вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 дар рӯзи қабули Парчами давлатӣ дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чунин гуфта буданд: “Ман бисёр орзу доштам, ки дар зери ин Парчам имрӯз ҳамаи мо дасти якдигарро фишурда, боз муайян кунем, ки давлати тоҷик ҳаст, миллати тоҷик ҳаст ва мемонад”.
Ин суханони таъсирбахш аз ҷониби вакилони мардумӣ, қумандонҳои  саҳроие, ки дар он рӯз зери парчами навқабулшуда ҷамъ  омада буданд ва аз тарафи сокинони кишвар хуш пазироӣ гардид. Воқеан, дар он даврони тақдирсоз ин нидои муттаҳидкунанда амри зарурӣ буд. Ҳамин буд, ки 26 ноябр Пешвои миллат сарварони дастаҳои мусаллаҳи ҷонибҳои даргирро бо нияти ба даст овардани сулҳ дар толори иҷлосия ҷамъ намуданд ва онҳо дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд карда, ба ҳамдигар оғӯш кушоданд. 
Бо дарки ин, имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар дар қатори иншооти гуногун майдонҳои зебою барҳавои Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Бешубҳа, ин раванд барои баланд бардоштани ҳувияту худшиносии миллии сокинон, аз ҷумла ҷавонон, созгор мебошад. Ба ин маънӣ, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад.  
Мо – кормандони мақомоти судӣ, дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи худ кӯшиш менамоем, ки татбиқи қонунҳо, амалӣ намудани амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, зери Парчами давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои боадолати судиро қабул намоем. Ин амр моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассисаҳоро содиқона ва софдилона ҳимоя намоем.
 
С. БОСХОНЗОДА, С.ҲАБИБОВ,
кормандони суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 868
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед