logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМ БАРОИ МИЛЛАТ АХТАР ВА БАРОИ ЛАШКАР ҚУДРАТ АСТ

Имрӯз мо дар рӯзи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои муқаддас – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият мебошад. 
 
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриётӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёитаборамон бо тобиши се ранг – сурх, сафед, сабз бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони ин сарзамин башорат медиҳад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти миллӣ, шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо, аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Парчами давлатӣ бояд барои ҳар як сокини кишвар азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он нишон диҳад. 
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.  Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Ҷашни Парчами давлатӣ таъкид намудаанд: «Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад».
        
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед