logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОР АЗ ПАРЧАМДОРӢ ТО ПАРЧАМБАРДОРӢ

Истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан аз ҷониби таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба маънии том иду тантанаи миллист. Таълимгирандаи имрӯза аз парчамдории миллату давлати тоҷикон ифтихор дорад. Парчами давлатиро ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва бо ифтихор рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида, хуб дарк мекунад, ки Парчами имрӯза дар гузашта нишонаи ҳастии ниёгони худ ба шумор мерафт. Махсусан, дар давраи давлатдории Суғди Қадим парчам бо ҳамин номи аслан суғдӣ рамзи дӯстиву иттиҳоду сарҷамъиро ифода мекард.
 
Таълимгирандагон тавассути «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва дигар асарҳои илмию адабию таърихӣ тасаввуроти хуб доранд, ки «Дирафши ковиёнӣ»-и Коваи оҳангари ҳақиқатхоҳу далер ва муборизу ҷасур баёнгари адолатхоҳӣ ва мубориза бар зидди зулму истисморро дошт. Афрохтани «Дирафши ковиёнӣ» ва ё «Ахтари ковиёнӣ» нишонаи мубориза бар зидди беадолатиҳо буд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқатмандӣ ба Парчами давлатӣ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, ки баъдан ҳукми қонунӣ гирифт. 30 августи соли 2011 дар солгарди Рӯзи Парчами давлатӣ идеяи бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ оғоз гардид, ки он ботантана дар маркази пойтахт дар пояи 165 метр бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон парафшон гардид. 
Дар мавҷудияту парафшонии Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кушоиши кори ҳар соҳибватан гардидааст. Он на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парафшонии Парчам таҷассуми ҳастии давлату миллат, пойдорию устувории он буда, тимсоли ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзӣ аст.   
Дар тобиши рангҳои сурху сафеду сабзи Парчами давлатӣ таълимгирандаи закиву бедордили имрӯза рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, нишони бахту саодат, умеду орзу, сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадиятро мебинад. 
Боиси ифтихор аст, ки соли ҷорӣ 8419 нафар хонандаи тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои ИМА, Италия, Словения, Маҷористон, Босния ва Герсеговина, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайраҳо иштирок карда, сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла сазовори 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ, гардиданд.
140 медали тилло, ки ин ғолиби барҳаққи олимпиада будан аст, нишонаи 140 маротиба барафрохтан ва ё баланд бардоштану парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар байни давлатҳои рӯи олам мебошад. Илова бар ин, ҳар таълимгирандае, ки дар озмунҳои гуногуни илмию маърифатии ҷумҳуриявӣ, инчунин, мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, ғолиб эътироф мешавад, парчамбардори давлату миллат мебошад.
 
Раҷабалӣ САНГОВ, 
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1034
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед