logo

иҷтимоиёт

ДИРАФШ. ВАҚТЕ КИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН ОНРО МЕБӮСАНД…

Парчам дар адабиёти дерсоли мо бо муродифҳои ливо, дирафш, алам низ, машҳур аст. Бавижа, дирафши коваёнии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ далели аз қадимулайём парчамдору парчамбардор будани миллати мост. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар дар вақти мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок пешбанди чармини худро ҳамчун дирафш истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал, муборизаро ба рағми бадиву ҷаҳолат оғоз мекунад.
Аз таърихномаҳо, бахусус аз «Таърихи Табарӣ» бармеояд, ки Шоҳ Фаридун баъд аз 20 соле, ки ҳамроҳ бо Кова буд ва баъд аз он, ки Кова  бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ӯ бахшид, аммо ин дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун  фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки  мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар ёбад. Ибни Асир менависад, ки мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Коваён» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бисёр бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар ҳангоме ки бо пешомадҳои  бузург рӯ ба рӯ  мешуданд».
Аз ин ба баъд, ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд. Дар чӣ гунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрӯз ахбори гуногун расидааст, баъзе бар онанд, ки  чармпорае будааст аз пӯсти шер ё паланг, ё хирс, ки онро қаблан  Кова  ҳамчун  пешбанди кории хеш истифода  мекардааст ва баъд  аз он, ки  ба «дараҷа»-и  дирафшӣ  расид, онро  суфтатар  ва ба шакли  зеботар, ки ба алам монанд буда бошад, карданд. Бинобар навиштаи соҳиби «Бурҳони қотеъ»: «Ҳакиме  будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар сад бар он нақш карда буд.  Ва баъзе гӯянд шакле аз сӯхтагиҳои оташ дар он чарм ба ҳам расида буд, ки ин хосият дошт, яъне дар ҷанг, ки он ҳамроҳ  буд,  албатта фатҳ  мешуд».
Аз ин навиштаҳои сарчашмаҳо бармеояд, ки парчам танҳо аз матоъ ё як ашё иборат нест, балки қувваи бузурги муттаҳидсоз буда, метавонад руҳан дар пирӯзиву зафармандиҳо мадад расонад. 
Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба намоди пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ,  варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад. Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои мақомоти давлатиро зинат мебахшад. Маврид ба ёдоварист, ки муҷассамаи Парчами пойтахти мамлакатамон яке аз дастовардҳои наҷиби даврони тозаистиқлолӣ мебошад. 
Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бори дигар водор месозад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлати хеш изҳор карда, баҳри ободию рушд ва тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо сидқан меҳнат ва худфидоӣ намоянд.
Дирафши ковиёнии тоҷиконро, ки имрӯз бо номи Парчами давлатии  Тоҷикистон медонему мешиносем, танҳо матои серанга нест ва мазмунан фаротар аз он меравад. Он имрӯз бо намову рангу шакли зебо ва саршор аз мазмуну ҳаводиси таърихи куҳан дар Душанбеи азиз ва тамоми гӯшаву канори кишвар парафшонӣ дорад. Аслан, ин як порча матои серанга дар сиришти худ маъноҳои зиёди маънавӣ, ба монанди ватандӯстӣ, сарбаландӣ, истиқлолхоҳӣ, озодипарастӣ ва хештаншиносиро дорост. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ бори аввал Парчами давлатиро бӯсиданд ва он ба рамзи давлатдории навин табдил ёфт ва ҳоло дар осорхонаи Қасри Арбоб ҳифз мешавад. Ин аст, далели гӯёи асолат ва муқаддас будани Парчам.
Дар соҳаи ҳарбӣ муқаддастарин ва пурмасъулияттарин вазифа посбонии парчам аст. Касе, ки зери парчами қисми ҳарбӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ посбон аст, дар мураккабтарин лаҳзаҳо ва таҳдиди хатарҳои гуногун набояд парчамро танҳо гузорад. 
Воқеан, парчам дар ҳарбу зарб ва дифои Меҳан ҷойгоҳи вижае дорад. Ёд овардани он ки барои барафрохтани Парчами давлати шуравӣ дар Рейхстаги шаҳри Берлин чӣ қадар сарбозону афсарони шуҷоъ, аз ҷумла ҷавонмардони бебоку далери тоҷик ҷон бохтаанд, кофист, ки қадру қимати парчамро дар муайян кардани обрӯ ва қудрати Ватан дарк намоем. 
Дар бисёр тадорукоти бошукӯҳ, махсусан дар чорабиниҳои варзишӣ, кас мехоҳад тоҷик будани худро ба оламиён нишон диҳад, ки аз Тоҷикистон омадааст. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Парчами кишвар қуввати диламон мешавад. Одамони атроф аз парафшонии парчами дастамон зуд пай мебаранд, ки мо тоҷикем.
Ифтихори ҳамватанонро аз ин парчами зебову диданӣ ҳар рӯз мебинаму эҳсос мекунам. Аммо дар баробари ин, бисёр мехоҳам, ки ҳисси ифтихору нозидани ҷавонони мо бо донишу савод ва ихтироъву навовариҳо тавъам бошанд. Оҳиста-оҳиста бояд дарк намоем, ки ҳадафи асосии муқаддасоти миллӣ воситаи муҳими роҳкушоиву ояндасозии ҷавонон ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст, зеро кас медонад, ки барои кадом халқу миллат ва барои кадом ҳадафҳои олӣ зиндагӣ ва фаъолият дорад. Дарк мекунад, ки фардо сари баланди ӯ, сари баланди фарзандони ӯ ва ҳамин давлати соҳибистиқлол аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед