logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМ - РАМЗИ ШОИСТАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАТАНДОРӢ

Дар ҳама давру замон ва имрӯз ҳам парчам чун рамз – василаи боло бурдани ҳисси ватандорӣ, ҷоннисорӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, эҳсоси ифтихор аз муқаддасоти кишвар буд ва мемонад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам парчамро танҳо ба сарбозони далеру шуҷоъ ва ватандӯст бовар мекарданд. Парчамбардорон пешопеш бо нидоҳои «Барои Ватан!», «Барои ғалаба!» афсарону аскаронро ба далерию корнамоӣ алайҳи душман даъвату ҳидоят менамуданд.
 
Табиист, ки баробари ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон дар радифи ҳалли дигар масъалаҳо зарурати таҳияи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ оид ба тарҳи Парчами давлатӣ табодули назар карданд. Ниҳоят 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ – Парчами давлатӣ гардид. Сипас, дар асоси моддаи 3 Конститутсия Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Боиси ифтихор аст, ки яке аз баландтарин парчамҳои дунё дар пойтахти мамлакати мо – шаҳри Душанбе қомат афрохтааст. Бо шукӯҳи хосса парафшон буда, ба чашм нур мебахшаду ба дил фараҳ. Неруву тавоноиро низ, меафзояд ва касро умедвор мегардонад, дар кишвар сулҳ пойдор ва он аз хавфу хатар эмин мебошад. Шукр, ки нисбат ба чанд соли пештар меҳру муҳаббати Парчам дар дилҳои шаҳрвандон бештар ҷой дораду устувортар аст. Кӣ тасаввур мекард, ки рӯзе баландтарин парчам дар пойтахти мамлакати мо бо шукӯҳу зебоӣ бунёд мегардад? Ҳеҷ кас! Ҳеҷ дар зеҳни мо набуд, ки рӯзе Рӯзи Парчами давлатӣ эълон мегардад. Бо дарки ҳамин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатиро зарур шумурданд, ки нишоне аз шинохти воқеии рисолати муттаҳидкунандаву ҳидоятгари Парчам аз ҷониби Сарвари давлат аст. Дар хусуси Парчами давлатӣ беҳтарин суханҳо ироа мегарданд. Мардум ҳамдигарро бо ин рӯз табрик мегӯянд. Агар Конститутсия бахтномаи миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди мардум номид. Бо таҷлил гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар қалби ҳар яки мо эҳсоси дӯст доштан ва муқаддас донистани марзу буми Ватан дучанд меафзояд.  
        
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1056
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед