logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ - ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Яке аз рамзҳои нахустин ва муҳимтарини тараққиёти ВМКБ ва дурнамои рушди он дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташкили муассисаи олии таълимии касбӣ дар маркази вилоят мебошад. Дар доираи таҷлили яксолагии Истиқлоли давлатӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъсис ёфт. Таъсиси Донишгоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ - маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - фарҳангӣ дорад. Дар пешорӯи 30-солагии ташкилёбӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ  Комилбек Амид Ёрбек  зикр кард:
- Фаъолияти 30-солаи Донишгоҳ собит менамояд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳамияти бузург дорад. Дар ин муддат Донишгоҳро қариб 20 ҳазор нафар хатм намуд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон софдилонаву содиқона кор мекунанд. 
 Мо имрӯз номи ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф Моёншо Назаршоевро ба некӣ ба ёд меорем, ки дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ саҳми арзанда гузоштанд. Бесабаб нест, ки Донишгоҳ ному насаби ӯро гирифтааст.
Нахустин ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои физика - математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов буд, ки дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ фаъолияти пурсамар бурда, барои пешрафти минбаъдаи Донишгоҳ шароити хуб муҳайё  кард. Академик Маҳмадшо Илолов он солҳои пурошӯбро ба хотир оварда, навиштааст: “Душвор буд, аммо Донишгоҳ ташкил шуд, на барои ҳавову ҳавас, на барои худнамоӣ, балки бо талабу тақозои замон ба фаъолият шуруъ кард. Садҳо донишҷӯ бар асари авзои ноороми кишвар иҷборӣ ба Бадахшон баргаштанд. Дар ҳамин вазъияти сиёсӣ Донишгоҳ фаъол шуд, то силсилаи донишандӯзии мардуми диёрамон канда нашавад. Ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, хонаи маорифи сиёсӣ ба макони маърифат, ба маркази таълиму тарбия табдил дода шуд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят, вазнин буд, вале дар Донишгоҳ таълим ягон соат қатъ нагардид”.
Ин боргоҳи маърифат имрӯз на танҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро  мекунад, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани неруҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ  саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳангиву миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад. 
Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар Донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 доктори илм ва 6 номзади илм  дарс мегуфтанд. Айни замон дар Донишгоҳ 8 факултет, 21 кафедра амал менамояд, ки дар онҳо 14 доктори илм ва 61 номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадриаш сол ба сол такмил меёбад. 
Донишгоҳ аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисони мувофиқ ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳониро омода менамояд. Ҳоло дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона 3431 донишҷӯ, аз ин  364 нафар тибқи Квотаи президентӣ, 129 нафар дар магистратура ва  12 нафар дар зинаи докторантура PhD  таҳсил менамоянд. 
Пойгоҳи моддию техникӣ низ сол ба сол таҳким ёфта, айни ҳол дар Донишгоҳ толорҳои калони замонавӣ барои баргузории конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ, марказҳои инноватсионӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, сабти дарсҳои видеоӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ - таълимӣ барои илмҳои химия, биология, геология ва муҳандисӣ, кабинети лингофонӣ барои забономӯзӣ, шаш лабораторияи таълимӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён ва магистрантону докторантон қарор доранд. Дар Донишгоҳ китобхонаи марказӣ, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаҳои хобгоҳҳои донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии онҳо 97378 китобро дар бар мегирад. 
Соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи замонавӣ барои 300 нафар донишҷӯ мавриди истифода қарор гирифта, санги бинои асосии Донишгоҳ гузошта шуд. Сохтмони бино  имрӯз бомаром идома дорад. Ҳамзамон, соли 2014 хобгоҳи дуюми замонавӣ барои донишҷӯён бунёд гардид, ки имкон дод донишҷӯён аз деҳоти дурдасти вилоят ва дигар манотиқи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Имрӯз беш аз 200 донишҷӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишгоҳ таҳсил  мекунад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо марказҳои илмии Россия ва дигар кишварҳои ИДМ робитаҳои судбахши илмӣ дорад. Аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи Санкт - Петербург, пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Россия рисолаҳои илмиро бомуваффақият ҳимоя карданд. Дар ин муддат Донишгоҳ дар доираи 25 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конфронсҳои байналмилалӣ гузаронд. Бар замми ин, бештар аз 180 нафар устоди Донишгоҳ дар семинару ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мамолики пешрафта иштирок кард.     
     
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1117
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед