logo

сиёсат

ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Истиқлоли давлатӣ барои тамоми халқу миллатҳо бузургтарин неъмат шинохта мешавад. Ин падидаи бузурги сиёсӣ ва неъмати бебаҳоро мардуми шарафманди тоҷик дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба даст овард. Мутаассифона, дои-раҳои манфиатҷӯву душманони миллати соҳибдавлату тамаддунсози мо дар оғоз мардумро ба сангарҳо ҷудо карда, дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор оварданд, ки пайомадҳои фоҷиавии зиёде дар пай дошт. Он замон бақои минбаъдаи миллат, якпорчагии сарзамини воҳид, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ зери хатарҳои ҷиддӣ буд.
Интихоби дурусти Сарвари давлат ва қабули қарору санадҳои муҳим дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро аз ин варта наҷот дод ва дуруст аст, ки муҳимтарин дастоварди ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ арзёбӣ мешавад, ки моро аз як давраи қисматсӯз ба рӯзҳои муроду шодӣ расонданд. Авва-лин суханрониҳои Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ аз минбари Иҷлосия умед ба фардои дурахшонро дар дили мо барафрӯхт ва дар симояшон наҷотбахши хешро медидем.
Сарвари давлат дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти муназзами тамоми сохторҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти мардуми кишварро ҳадафҳои меҳварии худ эълон доштанд. Чун батадриҷ шиддати даргириҳо дар дохили кишвар коҳиш меёфт, 2 декабри соли 1994 бо судури як фармон дар мамлакат халъи силоҳро ба роҳ монданд, ки иҷрои ин амри дар он шабу рӯз басо муҳим дар муддати на чандон тулонӣ муяссар гардид. Баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ аз масъалаҳои муҳими дигаре буд, ки бояд фавран ҳалли худро меёфт. 
Сари мизи музокирот даъват намудани мухолифон аз иқдомоти дигари Роҳбари мамлакат буд, ки  барои пойдории давлат нақши басо бориз дошт. Манфиати давлату миллати хешро аз ҳама, ҳатто аз ҷони хеш боло гузошта, ба ҳушдору огоҳию монеаи атрофиён нигоҳ  накарда, ба хотири рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо роҳбарони мухолифин ба Хосдеҳи ноороми Афғони-стон сафар намуданд. Ин сафар ва дидору мулоқот бо роҳбарони мухолифон ба музокироти миёни тарафҳо, ки наздик ба чаҳор сол идома ёфт, замина гузошт. Гоҳо музокираҳо тезутунд мегузаштанд ва, ҳатто, ҳолатҳое буданд, ки бенатиҷа анҷом меёфтанд. Роҳбари давлат ҳамеша ҷониби Ҳукуматро ба сабру таҳаммулу шикебоӣ ва гузашт кардан талқин намуда, музокиро-тро барои миллат сарнавиштсоз арзёбӣ мекарданд. Кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ буд, ки, билохира, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Шуруъ аз ҳамин айём на танҳо зиндагии мо нуру сафои тоза ёфт, балки назару нигоҳи хориҷиёнро низ ба мо ва давлати тоҷикон тағйир дод. Нахустин суханронии Роҳбари хирадпешаи мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба забони шевои тоҷикӣ на танҳо барои тоҷикзабонони дунё шодиовару масарратбахшу ифтихорафзо буд, балки руҳи поки бузургони гузашта-амонро шод намуд. 
Дар баробари ба таври густарда ба роҳ мондани равобити ҳасанаи тарафайн бо дигар кишварҳои ҷаҳон, эҷоди рафтуомаду додугирифти ҳамешагии миёни аҳолии минтақаҳои кишвар низ, аз корҳои заруру муҳим ба шумор мерафтанд. Роҳбари дуран-деши мо ба ин васила, яъне сохтани роҳҳову кушодани нақбҳо на танҳо мехостанд, ки тамоми сол рафтуомади аҳолии ду мин-тақа – Бадахшону Суғд бо пойтахт таъмин гардад, балки равуову додугирифт миёни минтақаҳо низ вусъати тоза пайдо намояд. Гузашта аз ин, кишвари мо дар самти табодули мол миёни давлатҳо ба як мамлакати транзитӣ табдил биёбад. Агарчанде вазъи иқтисодӣ созгор набуд, бо саъю талоши беназири  Сарвари давлат ин ҳадафи бузург дар амал татбиқ гардид.
Дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фарҳангу маориф низ, ба таври бесобиқа рушду густариш ёфт. Садҳо муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун бунёд гардиданд. Донишкадаву донишгоҳҳову филиалҳои онҳо дар  минтақаҳо  таъсис дода шуданд. Дар аксари марказҳои шаҳру навоҳӣ қасрҳои фарҳанг сохта шуданд. Рӯзҳои фарҳан-ги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое чун Россия, Чин, Қатар, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Ӯзбекистон, Озар-бойҷон ва қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардида, ҳунари волои овозхонию рақси тоҷикӣ муаррифӣ гардид. Ҷорӣ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ дар умури ноширӣ ба бунёди даҳҳо чопхона, интишорот, нашрияҳои даврию давомдор мусоидат намуд. Дар ин давра забони тоҷикӣ аз чаҳорчӯби маҳдудияти ҳафтодсола раҳо ёфт. Бо назардошти вазъи ҳукмфармо зарурати аз нав қабул гардидани қонуни  забон  ба  миён омад. Барои рушду густариши он заминаи мусоид фароҳам омада, барои ба низом даровардани корбурди калимоту истилоҳот ва тадриҷан ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ сохтори нав – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, тадриҷан, мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф гаштанд, таҳкурсии давлати соҳибихтёр қавитар гардид, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амни-яти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.
Ҳама он чи дар мавриди хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, муштест аз хирвор. Ҳамагон бо мо ҳамраъю ҳамақидаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвари ҷангдидаи мо ба диёри амну амон табдил ёфт, дар қатори ҷумҳуриҳои рӯ ба рушд қарор гирифт, рӯз ба рӯз ободтару зеботар мешавад, сифати зиндагии мо хубтару беҳтар мегардад ва итминон дорем, ки бо арҷгузорӣ ба ин сарҷамъию якдилӣ, ваҳдати миллӣ, муттаҳид будан дар атрофи сиёсати Сарвари давлат ояндаи мо боз ҳам хубтару дурахшонтар хоҳад буд.
 
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2022    №: 227    Мутолиа карданд: 1164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед