logo

иқтисод

НУРОБОД. ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ

– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо мақсади иҷрои саривақтии амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷоннок намуда, дар нуҳ моҳи соли 2022 ба як қатор комёбиҳо ноил гашт.
Корҳои муҳиму назаррас ба сомон расиданд. Истиқболи сазовор аз Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ин ҷашнвора дар соли 2022, аз садоқати бепоёни аҳолии ин гӯшаи диёр ба сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди мушкилоту буҳронҳои молиявии сатҳи ҷаҳонӣ иҷрои нақшаи қисми даро-мади буҷет таъмин гашт. Ҷамъоварии андозҳои худӣ 109,8 фоиз иҷро шуд. Ба суратҳисоби хазинадории ноҳия 8 милли-ону 426 ҳазору 678 сомонӣ ворид гардид, ки ин баробари 24,6 фоизи харҷи умумии буҷет буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 344 ҳазору 901 сомонӣ зиёд мебошад. Ба буҷет аз ҳамаи манбаъҳо 39 миллиону 447 ҳазору 511 сомонӣ ворид гардид. Дар ин муддат нақшаи пардохти музди меҳнат ва маош 91,1 фоиз, пардохтҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 89,1 фоиз ва дигар харҷ 72,6 фоиз таъмин шуд. Дар маҷмуъ, хароҷоти қисми ҳимояшавандаи буҷет 30 миллиону 16 ҳазору 949 сомониро ташкил дод, ки баробари 87,7 фоизи харҷи умумии буҷети ноҳия дар ин давраи ҳисоботӣ мебо-шад. Зикр кардан зарур аст, ки 88 фоизи даромадҳои умумии ноҳия барои пардохти музди меҳнат ва андозҳои иҷтимоӣ сарф шудааст. Гарчанде иҷрои нақшаи аниқшудаи қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳои худӣ иҷро шуда бошад ҳам, андоз аз арзиши иловашуда ноиҷро монд. Аз ин рӯ, фаъ-олияти мақомоти андози ноҳия, раёсати молия, ситоди ноҳиявӣ, банақшагирӣ, таҳлилҳо, ояндабинӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ғанигардонии сарчашмаҳои андозбандӣ, ворид наму-дани пардохтҳо ва ҳалли масъалаву мушкилоти мавҷуда бояд боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Масъалаи вобаста ба воқеъбинона ба нақша гирифтани буҷети маҳаллӣ, афзоиш додани даромадҳои он, пешгирӣ намудани ҳолатҳои исти-фодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳо бояд зери таваҷҷуҳи ҳамешагии масъулону мутасаддиёни  Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва  дигар  сохтору  мақомоти  дахл-дор  қарор  дошта  бошад, – тазаккур дод раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият». 
 
САРМОЯГУЗОРИҲО – САРЧАШМАИ ПЕШРАФТ
Дар ноҳия то имрӯз 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардидааст, ки маблағи азхудшудаи он 28 млн доллари амрикоӣ мебошад. Феълан, дар ноҳия 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар амал аст, ки маблағи умумии аз ин ҳисоб азхудшуда, 28,5 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 1150 нафар соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла: 237 нафар тибқи патент; 55 нафар дар асоси шаҳодатнома ва 858 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад, ки аз ҳисоби онҳо ба буҷет 1 миллиону 580 ҳазору 100 сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 132 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 434 нафар 6 миллиону 462 ҳазору 98 сомонӣ, аз ҷум-ла: барои рушди соҳибкорӣ ба 64 нафар 866 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи кишоварзӣ ба 105 нафар 1 миллиону 898 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо шуд. Мутаассифона, дар ин самт низ мушкилот ҷой доранд, масалан, кам будани шумораи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо барои рушди кишоварзӣ. Дар ин давра ба соҳибкорони истеҳсолӣ қарзҳои имтиёзноки давлатӣ дода нашудаанд, ки ин омил барои пешрафти рушди соҳибкорӣ таъсири худро мерасонад. “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021 – 2025” моҳи марти соли 2021 дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар Барномаи мазкур 152 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 2 миллиарду 157 миллиону 203 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла: 28 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 503 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ; 46 лоиҳа бо маблағи 17 миллиону 952 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат; 10 лоиҳа бо маблағи 35 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба соҳаи сохтмон; 10 лоиҳа бо маблағи 10 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф; 11 лоиҳа бо маблағи 11 миллиону 507 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ; 12 лоиҳа бо маблағи 33 миллиону 984 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ; 9 лоиҳа бо маблағи 2 миллиарду 14 миллиону 866 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳҳо ва алоқа; 6 лоиҳа бо маблағи 8 миллиону 563 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; 9 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 616 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти барқ ва 11 лоиҳа бо маблағи 4 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист рост меояд. Барнома то ин давраи соли 2022  дар  ҳаҷми 14 фоиз иҷро гардидааст. Ҷиҳати арзёбии Барномаи мазкур дар як сол ду маротиба мониторинг мегузаронем. 
 
КИШОВАРЗӢ СОҲАИ АСОСИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НУРОБОД
Раиси ноҳия иброз дошт, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тадриҷан боло меравад. Рушди соҳа ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка ва ҳосилнокии он, майдони боғҳо, алалхусус боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бандубаст ва содироти меваю сабзавот, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ бастагӣ дорад. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ, тухмии картошка, ғалладона ва дигар зироатҳои кишоварзӣ тибқи нақша иҷро мешаванд. Истеҳсоли гӯшт, шир, меваю сабзавот, ғалладона афзуд. 
Дар соҳа баробари пешравиҳо камбудиҳои ҳалталаб низ, ҷой доранд: истеҳсоли картошка, саршумори асп ва ои-лаҳои занбӯри асал дар муқоиса ба соли гузашта кам гаштааст. Мутаассифона, маданияти истифодабарии замин, аз қабили киштгардон, пошидани нуриҳои минералию органикӣ ва дигар омилҳое, ки барои ҳосилнокии заминҳо сабаб ме-гарданд, риоя намешаванд. 
 
ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ  РУШД ВУСЪАТ МЕЁБАД
Имсол дар ҳамкорӣ бо “Барномаи иқлими сабз”, ки аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, канали деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти ба номи И.Ҳалимов таъмиру барқарор гардид. Бо ин роҳ бисёр боғоти мо бо оби полизӣ таъмин шуданд. Дар ноҳия 470 гектар боғу токзор мавҷуд буда, аз ин 393 гектараш, мевадиҳанда мебошад. Набудани хоҷагии ниҳолпарварӣ барои рушди боғдорӣ монеа эҷод менамояд. Мо тасмим гирифтем, ки соли оянда дар пойгоҳи яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ботаҷриба хоҷагии ниҳолпарварӣ таъсис диҳем. Аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 476 нафар истифодабарандагон шартномаҳои дутарафа барои таъмини оби полизӣ баста шудааст. Мушкилоти ин соҳа ҳамоно фарсуда ва корношоям будани пойгоҳҳои обкашӣ, набудани техникаҳои зарурӣ дар идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии за-минҳо, андозбандӣ гардидани 895 га заминҳои лалмӣ ҳамчун заминҳои обӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд. Имсол дар мавсими обёрии заминҳои мавзеи Дӯзахдара ва Сари Қош ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидем, зеро омодагии ин-шооти обёрӣ дар ин мавзеъ, дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Аз ин лиҳоз, бояд барои таъмиру таҷдиди каналу иншоот андеша кунем ва дар фикри таъмин намудани хоҷагидорон бо оби полизӣ бошем.
 
2022-2026: СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат эълон шудаанд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар шахсони саховатпеша фазои мусоид фароҳам оварда шуда, иқдоми созандаи онҳо аз ҷониби бахшҳои давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 4 миллиону 29 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 543,9 ҳазор сомонӣ ва бо нархҳои муқоисавӣ 115,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 6 корхонаи саноативу коркард, аз ҷумла: коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ; сангу шағал ва хишти сементӣ аз ҳисоби ашёи хоми маҳаллӣ вобаста ба мавсим фаъолият менамояд. Соли 2021 дар ноҳия 1 корхонаи парандапарварӣ барои 30 ҳазор сар мурғ ба истифода дода шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4 миллиону 849 ҳазору 900 дона тухми мурғ гирифта шуд. Ҳамагӣ истеҳсоли он 6 миллиону 954 ҳазору 400 донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 997 ҳазору 900 дона зиёд аст.
Дар нуҳ моҳи соли 2022 тибқи нақша, барои корҳои сохтмону ободонӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузор 194 миллио-ну 240 ҳазору 700 сомонӣ, аз ҷумла: 26 миллиону 747 ҳазору 700 сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» ва дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст. Иҷрои корҳои сохтмонӣ 81 миллиону 399 ҳазору 370 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон, ҷалби соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинон сохтмону бунёди 97 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 69-тояш кор оғоз ёфтааст.  
Ҳамчунин, бо мақсади иштироки фаъолонаи сокинон дар корҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри сазовор истиқбол наму-дани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат мегиранд. Натиҷаи суҳбату вохӯриҳо буд, ки ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст ихтиёран, ба хизмати Модар-Ватан сафарбар шуданд ва нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 101 фоиз иҷро гардид, – гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2022    №: 227    Мутолиа карданд: 1305
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед