logo

иҷтимоиёт

«ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Ин Иҷлосияро – Иҷлосияи сарнавиштсоз гуфтаанду муаррифӣ кардаанд, ки барҳақ аст. Баргузории он дар рӯзгори ноамнӣ ва авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо як рӯйдоди неки таърихӣ маҳсуб мешуд, балки барои наҷоти давлату миллати тоҷикон нақши муҳим дошт. Минбаъд ҳам, яъне, пас аз таҷлили 30-солагии он низ, ба яқин, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва таърих аз шахсиятҳои ҷонфидо, ки барояшон сулҳу амният, ваҳдат, ризоияти миллӣ, хомӯш намудани ҷанг, баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, ободониву пешрафти кишвар вазифаи ҷониву инсонӣ буду мемонад, ба некӣ ёд меорад.
Дар ин Иҷлосия вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб шуданд.
Пешвои миллат барҳақ таъкид доштанд: «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Ҳамин аст, ки вакилони мардумӣ, шоҳидони он рӯзгор, иштирокчиён, олимон, адибон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон дар ин бора бисёр навиштаанду дар шакли китоб онҳоро дастраси хонандагон гардондаанд.
Мураттиб ва муҳаррири масъули китоби тозанашр бо номи «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» сар-муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар мебошад. Китоб ба муносибати 30-солагии ин Иҷлосия аз та-риқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст.
Аз рӯи маълумоти мураттаб, матлабҳои ба ин муносибат дар китоб ҷойдодашуда беҳтарин матлабҳои дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии ин рӯзнома ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зери сарпарастии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълифгардида мебошанд.
Ба китоб раиси кумитаи мазкур сарсухан навиштааст. Тавре ӯ ёдовар мешавад: «Воқеан, он бардоштҳое, ки давоми сол аз мақолаву мусоҳибаҳо ва ёддошту пайнавиштҳое, ки дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр шудаанд, хеле чизҳои дигарро бароям равшан кард. Бар ин нукта бовар ҳосил кардам, ки аҳли адаби кишвар, сар карда аз сиёсатшиносону сиёсатмадорон, то зиёиёну муаррихон перомуни Иҷлосияи таърихӣ ҳанӯз ҳама чизро нагуфтаанд ва хизмати мо дар инъикоси ҳамаҷонибаи ин рӯйдоди муҳим, бо вуҷуди ҳама талошҳо, хотимашуда маҳсуб намеёбад». Ҳамзамон, раиси кумита сабаби онро иброз медорад ва дуруст масъалагузорӣ мекунад: «Чунки, дар ҳақиқат, хизматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати дунявию демократӣ ва як ҷомеаи маданиву фарҳангсолор аз давраи аввали роҳбарӣ, яъне Раиси Шурои Олӣ будан, ибтидо мегиранду бояд аз ҳар нигоҳ, сар карда аз муҳимтарин то ҷузъитарин ҷузъиёти он ба риштаи таҳлил кашида шавад».
Ҳамин тавр, тамоми матлабҳои китоб паҳлуҳои гуногуни ибратомӯзи Иҷлосия ва Раиси тозаинтихоби онро дақиқу ҷолибу ҳадафрас инъикос ва бозгӯ мекунад. Ҳамзамон, муаллифонашон саъй ба харҷ додаанд, то ин рӯйдоди таърихӣ, заҳматҳову хидматҳои Пешвои миллат дар роҳи барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, ободонии кишвар дар тарбияи насли наврас таъсири нек дошта бошанд.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2022    №: 227    Мутолиа карданд: 1311
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед