сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, сардори Хадамоти гумрук, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод горди фахрӣ саф ороста, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.
Барои пазироии меҳмони олимақом шаҳри Исломобод бо аксҳои сарварони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳар ду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта буд.
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ҚАРОРГОҲИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН
14 декабр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.
Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хосса омода гардидааст.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Баъди садо додани сурудҳои миллии ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон нахуст бо мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф оғоз гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва меҳмоннавозию истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Покистон изҳор доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2022 №: 241 Мутолиа карданд: 973