logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТҲОИ ВАСЕИ ДУ ҶОНИБ

 
14 декабр, ҳамчунин, мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфтанд.
Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин, омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.
Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштани муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид гардида, дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо муҳимияти таҳкимбахшии фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика, Шурои муштараки соҳибкорон ва Форуми соҳибкориро таъкид намуда, таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашониро байни ду давлат ба мақсад мувофиқ донистанд.
Ҳамзамон, дар мулоқот ба густариши робитаҳои Тоҷикистон бо Покистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, кишоварзӣ ва  саноати  доруворӣ  таваҷҷуҳи  зиёд  зоҳир гардида, бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштарак, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии коркарди нахи пахта, пашму пӯст, сангҳои мармару хоро, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи доруворӣ дар Тоҷикистон, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва технологияҳои муосири Покистон ба бахшҳои гуногуни истеҳсолоти Тоҷикистон, таъкид карда шуд.
Ба масаъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи нақлиёт дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф баромадан ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути роҳҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётии пайвастшавии Тоҷикистон ва Покистон, инчунин, бунёди долонҳои нави минтақавиро ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар бахши ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика, таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари воқеии бозорҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Аз шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, афзоиши хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мушкилоти экологӣ, хусусан тағйирёбии иқлиму афзоиши офатҳои табиӣ ва зуҳуроти бемориҳои басо хатарноки сироятӣ дар минтақа ва ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир таъкид намуданд. Дар мулоқот атрофи қазияи Афғонистон ва таҳкими бештари шарикии Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Покистон барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025-ум ва ҷониби Покистон ба ҷониби Тоҷикистон барои расондани кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони минтақаҳои гуногуни ин давлат аз обхезиҳои шадид дар соли равон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, илм, техникаву технология ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаҳо баррасӣ гардида, дар ин замина густариши тамосҳои доимии зиёиён, олимон, эҷодкорон ва аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихӣ ва боз ҳам ғанӣ гардондани муштаракоти фарҳангии мардумони ду давлат, ташкили конфронсу мизҳои мудаввари илмӣ ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар таъкид карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2022    №: 241    Мутолиа карданд: 956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед