logo

туризм

ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ. НАМОИШГОҲИ РАСМҲО БА ИФТИХОРИ 30 - СОЛАГИИ МУНОСИБОТИ ДИПЛОМАТӢ

 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатии худро ҳамчун як марҳалаи асосии ҳамкориҳои дуҷониба дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар толори театри мазкур намоишгоҳи расмҳои пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистонро  ташкил намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш намояндагони ду кишвар суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи асосии оби ошомиданӣ ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим дар ҳар ду давлат ба пиряхҳо  бетаъсир намонда, тайи солҳои охир дар натиҷаи ин раванд пиряхҳо осеб дида истодаанд. 
Дар ҷараёни ҳамоиш аксҳои ҷолиб аз вазъи имрӯзаи пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Бар замми ин, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” аксҳо ва банерҳо аз раванди корҳои таҳқиқотӣ - экспедитсионии омӯзиши пиряхҳо, ки тавассути аксбардорҳои моҳворагӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аксбардорӣ шуданд, манзур гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо донишгоҳҳои Швейтсария дар масоили ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамкории зич дошта, олимон ва муҳаққиқони швейтсарӣ дар раванди баргузории экспедитсияҳои муштарак, инчунин таҳқиқоти бароҳмондаи  муассиса  фаъолона ширкат меварзанд.
Дар толор зиёда аз 60 аксу мусаввараи олимону рассомони швейтсарӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо ва ҳолати имрӯзаи онҳо муфассал маълумот медиҳанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Швейтсария аз рӯи иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳам шабоҳати зиёд дошта, пиряхҳо ҳамчун бойгарии асосии ҳар ду давлат ба шумор мераванд. Аз ин ҷост, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар масъалаи ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо пайваста тадбирҳои муштараку судманд роҳандозӣ мегарданд.
Муовини  вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода гуфт, ки коҳишёбии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим масъалаҳои рӯзмаррае мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои доимӣ метавонанд ҳалли худро ёбанд. Аз ин лиҳоз, мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳсорони сербарфу қуллаҳои сарбаафлоккашида, пиряхҳо ва иқлими ду минтақаро ба инобат гирифта, ҳамкориҳоямонро бояд боз ҳам густариш диҳем.
Сафири фавқулода ва мухтори Швейтсария Дэвид Грихтинг бо ишора ба сиёсати эътирофгардидаи Тоҷикистон бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряху иқлим таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи  намоён дорад. Инчунин, мавсуф қайд кард, ки пешниҳод ва иқдоми беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳад ёфт. 
Дэвид Грихтинг барои ҳамкориҳои муфид бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баҳои баланд дода, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илмӣ ва ташкили таҳқиқоту экспедитсияҳои илмӣ - бунёдӣ бо истифода аз методҳои инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Корманди илмии Донишгоҳи Фрибург Томас Сакс Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” мактаби илмии пиряхшиносони тоҷикро эҳё намуд, ки дар давоми сӣ соли истиқлол ин натиҷаи басо ҳам  назаррас мебошад. Соли 2022 қариб сӣ нафар олими Швейтсария барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон сафарбар шуданд. Мо ният дорем, ки аз марказҳои бонуфузи Швейтсария, ки  дорои технологияи муосир ва усулҳои инноватсионӣ мебошанд, дар ҳамкорӣ бо  Маркази мазкур ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ҷалб намоем. Зеро маълумоти бадастоварда оид ба ду кишвари кӯҳистон ва дорои пиряҳои беназир уфуқҳои нави илмро мекушояд.
                  
Насиба БАХТИБЕКОВА,
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
ходимони илмии Муассисаи давлатии илмии
“Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2022    №: 241    Мутолиа карданд: 811
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед