logo

Хабарҳо

ОБЁРӢ. ИҚТИДОРИ ҲАВЗАИ ДАРЁҲОИ ВАХШ ВА ЗАРАФШОН ТАҲКИМ МЕЁБАД

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро пазируфтанд.
Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молия, зимни баррасии ин масъала иброз дошт, ки созишнома бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ 3 октябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 47 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст. Аз маблағи зикршуда, 30 миллион гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 17 миллион гранти Фонди ягонаи донории трастии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаро таҳкими иқтидор дар соҳаи банақшагирии захираҳои об, идоракунии обёрӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани самаранокии низоми обёрии интихобшуда дар ҳавзаи дарёҳои Вахшу Зарафшон арзёбӣ карданд. 
Тибқи иттилоъ, лоиҳа аз чор қисм – ислоҳоти бахши об ва таҳкими институтсионалӣ (7,5 миллион доллар); такмили низоми обёрӣ (36,7 миллион); идоракунии лоиҳаи (2,8 миллион); қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фақулода иборат аст.
Мақоми татбиқкунанда Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд. 
Татбиқи Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 дар нақша аст. 
 
М. МИРЗОЁН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 14308
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед