logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СОДИҚ САНҶАРОНӢ

  
15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷаронӣ мулоқот намуданд. 
Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои давлатҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо изҳори итминон ба ояндаи неки муносибатҳои байнидавлатӣ, нақши парламентҳои ду давлатро дар таҳкими муколамаи сиёсии пайвастаи Тоҷикистону Покистон муҳим арзёбӣ намуданд. 
Ба фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд дода шуд ва зарурати ба роҳ мондани машваратҳои васеи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ доир ба масъалаҳои сулҳу амният дар минтақа таъкид гардид. 
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили мар¬бут ба нақши Тоҷикистону Покистон дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, дар заминаи гузаштан ба «энергетикаи сабз», рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту сармоягузорӣ ва фарҳангу тандурустӣ баррасӣ шуда, роҳҳои баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ин соҳаҳҳо таъкид гардид. 
Баргузор намудани форумҳои байнипарлумонӣ дар Тоҷикистон ва Покистон воситаи муассири таҳкимбахши ҳамкориҳои ду давлат дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб афзалиятнок маънидод гардид. 
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба мушкилоти хатарбори минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиди терроризму экстремизм ба амнияту суботи давлатҳо, шиддат ёфтани низоъҳо, бархурдҳои иттилоотӣ ва қиберҷиноятҳо, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фалокатбори он, инчунин, афзоиши бемориҳои сироятӣ ва зарурати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар чунин шароит табодули афкор намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2022    №: 242    Мутолиа карданд: 731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед