logo

Хабарҳо

"КИТОБИ ДУШАНБЕ" НОШИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БА ҲАМ ОВАРД

 
Инак, рӯзи дуюм аст, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байнал¬милалии “Китоби Душанбе” идома дорад.
Дар маросими ифтитоҳи он намоянда¬гони вазорату идораҳои мамлакат, сафо¬рат ва корпуси дипломатии муқими кишвар, аҳли фарҳангу адаб, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. 
Дар намоишгоҳи имсола 4 000 (чор ҳазор) номгӯ китоб аз 8 ношири кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исло¬мии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва 30 ношири дохилӣ, аз қабили Муассисаи на¬шриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энси¬клопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адиб”, “ЭР- Граф”, КВД “Комбинати полиграфии Душанбе”, КВД “Шарқи озод” ва дигар нашриёти дохилӣ китобҳои тозаэҷоди хешро манзури аҳли фарҳангу адаб, дӯстдорони китоб мегардонанд. 
– Бо таваҷҷуҳ ба моҳияти олии фарҳангӣ ва иҷтимоии китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиё¬сати фарҳангии хеш ба масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии китобхонӣ дар миёни ҷомеа, ба¬хусус дар миёни насли наврас ва ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд, – гуфт Зулфия Давлат¬зода, вазири фарҳанги кишвар. 
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо даст¬гирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаи китоби миллӣ аз ҳисоби нашри нодиртарин осо¬ри гаронбаҳои классикони тоҷику форс, асарҳои тозаи адибони муосир ва шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон боз ҳам ғанӣ гардид. 
Ҳар сол бо даъвати кишварҳои дӯст адибо¬ну олимон ва ноширони тоҷик дар намоишҳои байналмилалии китоби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Бела¬рус, Ӯзбекистон, Олмон, Форуми тарҷумонон, нависандагон ва ноширони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона ишти¬рок менамоянд. 
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то 16 декабри соли ҷорӣ идома ёфта, иштироки хоҳишмандон, дӯстдорону ихлосмандони китоб дар он озод аст. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
«ВОҚЕИЯТИ ЗАМОН ВА ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК» 
Бо ин ном чанде пеш китоби муҳаққиқи соҳаи журналистика, профессор Мурод Муродӣ аз тариқи нашриёти «Истеъдод» аз чоп баромад. 
Тавре муаллиф дар пешгуфтори китобаш меорад: «Публитсистика мисли ҳар гуна соҳаи эҷод дорои вижагиҳои хос аст, ки мақсад ва ҳудуди онро муайян мекунанд. Он муҳимтарин ҳолатҳои иҷтимоии соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардумро фаро мегирад. Вазифаи асосии публитсистика та¬шаккули афкори иҷтимоии аудитория доир ба муҳимтарин масъалаҳои давру замони муайян аст. Объекти публитсистика ҳаёти иҷтимоӣ буда, предмети онро фаъолияти иҷтимоии инсон, муноси-бати ӯ ба ҳаёти оммавӣ, фикр ва фактҳои иҷтимоие ташкил медиҳанд, ки дар иртибот ба ҳолатҳои гуногун, бавижа дар вазъияти проблемавӣ қарор доранд». 
Ҳамин тавр, моҳияти солҳои мазкурро дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, рушду пешрафти ҷомеаву кишвар бисёр фаҳмо баён медорад. Дарки васеи он барои муҳаққиқон ва донишандӯзони журналистикаи оянда зарур мебошад. Яъне, мутолиаи ин китоб махсусан барои ин қабил афрод зарур аст. 
Алҳол вазъи публитсистикаи муосир чӣ гуна аст? Ба чӣ дастовардҳое дар ин бахш ноил гарди¬даем? То куҷо ин масъала дарк гардида ва барои пешрафту дастовардҳои навин чӣ тадбирҳоеро ногузир бояд андешид? Муродӣ Мурод, устоди шинохтаву маҳбуб, саъй намуда, то ба ин гуна пурсишҳо на танҳо ҷавобҳои мусбату қонеъкунанда бидиҳад, балки роҳу равиши дурустро нишон бидиҳад. Бешак, дар ин маврид ба он мақсаде, ки дар пеш гузошта, расидааст. 
Муҳаққиқ матлабҳоро дар чор боб: Вижагиҳои таҳқиқи публитсистика; Замони муосир ва пу¬блитсистика; Баъзе вижагиҳои жанрҳои публитсистика ва тақризҳо ҷой додааст. Ҳар боб боз ибо¬рат аз бахшҳои алоҳида мебошанд. 
Китоб доираи васеи хонандагонро фаро мегирад. Махсусан, ба мутолиаву омӯзиши ин соҳа туфайли он муҳаққиқон, журналистон, донишҷӯён ниёзманданд. Мутаассифона, ин асари олими шинохтаи соҳа бо теъдоди бисёр кам: 150 нусха ба табъ расидааст. Албатта, бо дарки талабот масъулон барои теъдоди зиёди нашраш сари вақт тадбирҳои заруриро меандешанд. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 20062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед