logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙН-КРИПТОГРАММАИ «СОЛИ НАВ - 2023» 
1.Критограмма (аз 1 то 45) 
Агар ба ҷойи рақамҳо ҳарфҳо гузошта шаванд, як байт ҳосил мешавад. 
1. 1.2.3.4.5.6.7 - … муборак. 2. 9.10.11.12.13.14 - ноҳияи Ҳисори … . 3. 21.20.19.10.30 - шоир Қутби … . 4. 41.42.43.44.45 - миллат. 5. 35.36.37.38.39 - сайёра. 6. 25.26.27.28 - ҷинс. 7. 18.17.22.27 - ҳайвони нодир. 8. 23.24.8.32 - домоду … . 9. 33.16.18 - моеи хушбӯй. 10. 8.9.29.17 - ақл, одоб … . 11. 9.19.40 - якхела, ҳарф. 
1.Чайнворд: 
1.Ранги барф. 2. Рафиқ, наздиктарин, ҳамдастгир. 3. Хӯрдании ширин. 4. Мукофот, инъом … . 5. Жанри адабӣ. 6. Муродифи дигари рақс. 7. Нимханда. 8. …у вафо. 9. Асбоби мусиқӣ. 10. Ҳодисаи табиат. 11. Оқил доно. 12. Паранда. 13. Маҳсулоти полизӣ. 14. … атои Худо. 15. Соҳаи хизматрасонии давлатӣ. 16. Зодгоҳи Фирдавсӣ. 
 
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00- 05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ
- Модар, медонам, ки дӯстам медорӣ ва ҳам набераҳоятро пазмон шудаӣ, аммо хоҳиш мекунам, ки шабона ба хонаам биёӣ, то ҳамсояҳоям туро набинанд. 
- Бигузор, фарзанди азизам, хостаи ту шавад. Агар ба моҳе як маротиба биоям, ҳатман шабона меоям. 
- Оре, бояд чунин бикунӣ. Ва ҳам хоҳиш менамоям, ки чун биёӣ, набераҳоят, фарзандҳоямро набӯсӣ. 
- Ҳатман аз рӯи хостаат амал мекунам. Аммо намегӯӣ, ки чаро ин ду хоҳишро аз ман намудӣ? 
- Наранҷ, модар, ҳақиқат ин аст, ки аз ҳамсояҳоям шарм медорам, то бигӯянд: модараш кӯр аст. 
- Хостаи дуюмат ба чӣ хотир мебошад, фарзандам? 
- Намехоҳам, ки модари кӯрам фар¬зандонамро бибӯсад, шояд табъашон хира бишавад. 
- Ман ҳам, фарзанди азизам, бар ту як ҳақиқати талхро мегӯям. Сӣ сол онро аз ҳама ва аз ту ҳам ниҳон доштам. Ҳеҷ гоҳ гуфтанӣ набудам, аммо имрӯз маҷбурам сохтӣ, ки бароят иброз бидорам. Модарат як зани бино буд. Ту қаламро ба ҳангоми хурдсолӣ ба чашмонаш халондӣ ва кӯраш сохтӣ. 30 сол ин ҳақиқатро пинҳону ҷафояшро тоқат кардам, то ту назди ман дар хиҷолат набошӣ. 
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
САРАТОН ДИГАР БЕМОРИИ МАРГОВАР НЕСТ
УСУЛИ ТАБОБАТИ ОНРО ПАЙДО КАРДАНД!
Дар Англия табибон бо истифода аз технологияи нав Алиса Кионаи 13-соларо, ки гирифтори сара¬тони лейкоз ё сафедхунӣ буд, табобат ва аз коми ин бемории қотил наҷот бахшиданд. 
Дар табобати омосҳои бадсифати ин намуди саратон то ин дам ҳеҷ як усули табобат, аз ҷумла кимиёдармониву пайвандсозии (трансплантатсия) мағзи устухон бенатиҷа буд. Усули нави табобат бо истифода аз технологияи наве, ки шаш сол пеш ихтироъ шудааст, аз ҷониби шифокорони беморхонаи «Great Ormond Street» амалӣ гардид. Коршиносони соҳа корбасти усули нави табобатро дар илми тиб инқилобе медонанд, ки дар оянда хатари саратон ба ҷони одамонро ба таври назаррас коҳиш хоҳад дод. 
 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
МЕҲРИ МОДАР 
МАРОКАШИҲОРО БА ПИРӮЗӢ РАСОНД 
Футболбозони Марокаш дар Ҷоми ҷаҳони имсола ба «муъҷиза» даст ёфтанд. Баъди пирӯзӣ бар дастаи Португалия футболбозон модарони худро ба оғӯш гирифта, аз шодмонӣ бӯсиданд ва ба сӯйи онҳо таъ¬зим намуданд. Яке аз футбол-бозони асосӣ Ашраф Ҳакимӣ бо модараш рақс ҳам кард. 
Як нозири олмонӣ баъди ин бозӣ ҳарфҳое гуфт, ки бои¬си мулоҳиза аст: «Дар ҷомеаи Ғарб мо дигар робитаҳои мустаҳками оилавиро намебинем. Мафҳуми хонавода қариб, ки аз байн рафтааст. Ба марокашиҳо, аслан, не¬руи руҳии оила мадад кард. 
Дар мо футболбозонеро мебинем, ки пас аз бозӣ дӯстдухтари худро мебӯсанд. Дар баробари ин, беш-тари волидони онҳо дар хонаҳои пиронсолон қарор доранд. Ростӣ, мо ба марокашиҳо футболбози¬ро омӯзондем ва ҳоло вақти он аст, ки аз онҳо ахлоқ ва арзишҳои оиладориро омӯзем». 
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Дар беморхона: 
– Духтурҷон, ҳамин ҷарроҳии қимат воқеан зарур аст? 
- Албатта зарур, бе ин на дар Ялта дам гирифта м е ш а в а д у на дар Алп лижа ронда. 
- Духтурҷон, ба ман на Ялта даркор, на лижаронӣ. 
- Эй сода, гап дар бораи ту намеравад охир. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ЧӢ ГУНА БОЯД ЗИСТ? 
ПАНДИ БОНУИ 103-СОЛА 
Хонум Бел Кауфман, нави¬сандаи машҳури амрикоӣ, 103 сол умр дида, то охири ҳаёт идрокашро аз даст надод. Дар 100-солагӣ дар Коллеҷи Ҳунтер дарс мегуфт. Кауфман зинда¬дил буду зебо мепӯшид, ҳафтае як маротиба ба толори рақс низ мерафт. 
Дар яке аз мусоҳибаҳо сирри ҷавон монданашро ифшо намуд: «Зиндагӣ якранг нест, вале ба ҳар ран¬ге, ки бошад, шоиста бояд зист. Дар бораи одамон, санъат бисёртар донисту бештар бояд китоб муто¬лиа кард. Ҳаёт мисоли зина аст: ба боло меравӣ ё поён, интихоб аз туст. Ман ҳамеша роҳ сӯйи боло гирифтам». 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ҲАЛҚҲОИ ҚАДИМТАРИНИ ҶАҲОН
СЛАВЯНҲО 
Славянҳо ба яке аз бузург¬тарин гурӯҳҳои этникии оилаи ҳиндуаврупоӣ марбут буда, дар Аврупои Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Ин қавм то асри VI дар Аврупои Шимолӣ зистааcт. Аҷдоди пе¬шини славянҳо венетҳо маҳсуб меёбанд. 
Бинобар ин, қомуснигори римӣ Плинийи Бузург ва таърихнигор Татсит ин халқи қадимаро «венетҳо» но¬мидаанд. Баъди барҳам хӯрдани мустамликаи Рим ин халқ ба Аврупо кӯчида, шоҳигарии навро созмон до¬данд. Шоҳигарии аз ҳама қадимтарини онҳо Морави Бузург аст. Бо мурури замон кишварҳои навташкилкар¬даашон хеле муқтадир гардиданд. Аз ҳама бузургтарин давлати славянӣ дар минтақаи Аврупо Руси киевӣ буд. Ҳоло асли этникии славянӣ дар байни миллатҳои рус, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, словакӣ ва полякӣ боқӣ монда¬аст. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
ҶОМИ ҶАҲОН – 2022 
АЗ ҚАДПАСТТАРИН ФУТБОЛБОЗ ТО БОЗИГАРОНИ “БЕВАТАН”
Футболбози қадпасттарин дар Ҷоми ҷаҳон – нимҳимоятгари тими миллии Марокаш Илёс Шаир (158 сантиметр) мебошад. Аз ҳама қадбаланд бошад, дарвозабони мун¬тахаби Нидерландия Андрис Ноп¬перт (203 сантиметр) аст. 
* * * 
Соли 2022 бори аввал бонувон Стефани Фраппарт (Фаронса), Са¬лима Мукансанга (Руанда) ва Ёшими Ямашита (Ҷопон) ба ҳайси сардовар ва доварони канорӣ дар мундиал бо¬зиро ҳакамӣ карданд. 
* * *
Қиматтарин ҳайат ба тими Англия (1,26 миллиард евро) тааллуқ дорад.
* * * 
Ватани шумо куҷост? 137 бозигар дар Ҷоми ҷаҳони Қатар кишварҳоеро намояндагӣ кардаанд, ки дар он ҷо таваллуд нашудаанд. Шумораи беш¬тари чунин футболбозон ба ҳайати Марокаш (14 нафар) рост меояд. 
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
 
ЗОДРӮЗИ САНГПУШТИ 190-СОЛА 
Сангпушти бузургҷуссаи Сейшел бо номи Ҷонатан, ки соли 1882 ба ҷазираи Еле¬наи муқаддас оварда буданд, 4 декабри соли равон 190 - сола шуд. Зодрӯзашро нигаҳбо- нони ӯ ҷашн гирифтанд. Ин ҷонвар ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. 
Сангпушт хеле пир шуда, аз сабаби бе¬мории оби марворид (катаракта) нобиност, бӯйро эҳсос намекунад. 
 
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
11. АҲРОМИ ЧИЧЕНИТСА, МЕКСИКА 
Чиченитса яке аз шаҳрҳои маъруф ва ҳифзшудаи тамаддуни бузурги Мая дар Мексика ме¬бошад. Ин объекти бостоншиносӣ дар байни сайёҳони ҷаҳон бо тамошои соҳилҳои зебо машҳур мебошад. Ҳар сол Чиченитсаро 1,5 миллион нафар тамошо мекунад. Вале объекти аз ҳама парастишшаванда Аҳроми Кукулкан аст, ки дигар барои боздид дастрас нест ва даромад ба ин ҷо қатъиян манъ аст. Аҳромро соли 2006 пас аз афтидани сайёҳдухтар ҳангоми фаромадан аз нишебии тамошогоҳ бастанд. 
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
ЛАТИФА 
Яке харе гум карда буд ва се рӯз рӯза дошт ба нияти он ки харро биёбад. Баъд аз се рӯз харро мурда ёфт. Ранҷид ва аз сари ранҷиш рӯй сӯи Осмон карда гуфт, ки агар ивази ин се рӯз, ки рӯза доштам, шаш рӯз аз сӣ рӯзи моҳи рамазон нахӯрам, пас, мард набошам. 
 
Баргардонанда аз хати арабиасоси форсӣ ба кириллӣ Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ЧАНД МАЪЛУМОТИ АҶИБ АЗ ОЛАМИ ТАБИАТ 
Тездавтарин ҳайвон дар рӯи замин паланги хол (гепард) буда, суръаташ дар як соат ба 114 километр мерасад. 
* * * 
Сари мор баъди буридан низ то ним соат фаъол аст ва га¬зида метавонад. 
* * * 
Зарофа бо вуҷуди қобилият ва қади ба¬ланд доштан, овоз надорад. 
* * * 
Ғурриши шер аз масофаи 8 километр шунида мешавад. 
* * * 
Агар фил бимирад, чанд соат рост меистад ва баъд ба замин меафтад. 
* * * 
Фил то масофаи 500 метр бӯйи одамро ҳис мекунад. 
* * * 
Уқоб сад сол умр мебинад. 
* * * 
Ҳангоми хоби делфин танҳо нисфи майнаи он дар хоб аст, нисфи дигараш бедор. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
БЕХПИЁЗ ВА ОМӮХТАНИ ЗАМИН 
Дар замонҳои қадим бехпиёз дар илми нуҷум аввалин асбоби аёнӣ буд. Оли¬мон онро даврашакл бурида, аз рӯи он сох¬ти дунёро ба шогирдон меомӯзонданд. Онҳо ис¬бот мекарданд, ки замин аз як чанд қабат иборат аст. 
ПАДАР ҲАР ЧӢ ШИКОР КАРД, НОМИ ТИФЛРО АЗ ОН МЕГИРАНД 
Ҳиндувони Боливия ба тифлони худ номи па¬ранда ва ҳайвонотро ме¬монанд. Бо зода шудани кӯдак, падар ба шикор меравад ва ҳар чиро, ки шикор кард, номи ҳамон сайд ба кӯдак гузошта мешавад. 
 
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ
 
 
 
 
 
ЮСУФ ШОҲИ 11-СОЛА АЗ ЭЙНШТЕЙН ПЕШ ГУЗАШТ 
Юсуф Шоҳи 11-солаи бритонӣ дар санҷиш (тест)-и IQ барои то 11-солаҳо холи максималӣ ҷамъ оварда, бобати интеллект аз Стивен Хокинг ва Алберт Эйнштейн пеш гузашт. 
Хешовандонаш ӯро доим хеле боақл мегуфтанд ва як рӯз наврас барои санҷидани дуруст ё нодуруст будани ин суханҳо азм намуд. 
Дар санҷиши интеллекти худ холи рекордӣ ба даст овард. Падару модари ӯ мегӯянд: «Истеъдод ними туст ва ранҷи тулонии омӯзиш ними дигар». 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
KFC МУРҒИ ЗУДПАЗ 
«МИЛЛИОНЕР» ШУД
Поягузори машҳуртарин системаи ғизоҳои зудпаз – KFC, яъне Kentucky Fried Chicken, полковник Ҳарланд Сандерс Дэвид мебошад, ки дар 62-солагӣ ба пухтани мурғ бо тарзи махсуси худ шуруъ кард. Дар он солҳо (1940) мурғи бирён хӯроки маъмулӣ набуд, ошпазҳо ҳатто аз он ҳазар мекарданд. Ӯ бошад, мурғро бо "ретсептҳои махфӣ"-и худ, ки қаблан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омӯхта буд, мепухт. 
Вай ба ҳар шаҳре меомад, мошини махсуси худро дар гӯшае нигоҳ дошта, ба намоиши рафти тайёр кар¬дани таоми худ мепардохт. Ҳамаи маҳсулоти хӯрокро бо худ мегардонд, ҳатто яхдонро. Шабро дар курсии қафои мошинаш саҳар мекард. Сандерс тарабхонаҳои маъруфро бовар кунонд, то онҳо мурғро ба рӯйхати хӯрокҳои асосӣ илова созанд. 
Ҳамин тавр, Сандерси пир дар кӯчаю хиёбонҳо 1860 маротиба мурғ пухта, ниҳоят тавонист дастранҷи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад ва KFC – и худро поя гу¬зорад.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Дар ҳузури равоншинос: 
- Духтурҷон, аҳволам бад, ҳама ҷоям дард мекунад, камбағали бепулам, ягон кас дӯстам намедорад. 
- Ором шавед, додар, ҳозир дар як дам ҳамааш хуб мешавад. Чашмона¬тонро пӯшида, аз пушти ман такрор ку¬нед, - аҳволам хуб аст, саломатиям олӣ, пули зиёд дорам, ҳама маро дӯст медоранд… 
Бемор чашмонашро нокушода, сухани духтурро ме¬бурад: 
- Ба шумо ҳасад мебарам, ака, Худо аз ин ҳам бой¬тар шавед. Аҳволи ман бошад бад, ҳама ҷоям дард мекунад, камбағали бепулам, ягон кас дӯстам на¬медорад… 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
14.  ҲОКИМЕ, КИ ЗУД 
ҚУДРАТРО АЗ ДАСТ ДОД
6. ГЕНРИХИ II 
Жак-Виктор Анри Кристоф меросхӯри асосии шоҳ Генрихи I буд. Ӯ охирин фарзанди ҷонбасаломатбурдаи Анри Кристоф аст, ки дар инқилоби Гаити нақши калидӣ дошт ва 28 марти соли 1811 худро подшоҳи он эълон намуд. Тақрибан даҳ сол ҳукмронӣ дошт, аммо бо сиёсати пешгирифтааш миёни мардум чандон маҳбубият пайдо накард. Соли 1820 аз бемории сактаи мағзӣ азият мекашид. Аз табаддулоти кишвар ба ҳарос омаду худро парронд. Дар замоне, ки Гаитиро таҳдидҳои беруна домонгир буд (масалан, Фаронса ният дошт, ки заминҳои дар тобеияти он бударо ба ҳудуди худ шомил намояд) Генрихи II шоҳи Гаити эълон гардид. Ӯро насиб нагардид, ки як рӯз ҳадди ақал дар тахт нишинад. Баъди даҳ рӯз исёнгарон ба пойтахт ҳуҷум оварданд ва Генрихи II ба дор овехта шуд. 
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2022    №: 242    Мутолиа карданд: 1407
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед