logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУРДУ БОХТИ СОҲА

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатӣ, манбаи даромад, омили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳамзамон, сарсабзиву шукуфоии кишвар маҳсуб ёфта, пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.  Ин аст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба бунёди боғу токзор, афзоиши ҳаҷми истеҳсол, коркарди мева ва сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Фаровонии бозорҳои истеъмолии кишвар ва коҳишёбии нархи мева дар соли равон аз самаровар будани тадбирҳои татбиқёфта шаҳодат медиҳад.

 
РУШДИ СОҲА – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ
Боғдорӣ ҳамчун соҳаи манфиатбахши кишоварзӣ ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва  таъмини амнияти озуқаворӣ нақши хеле муҳим дорад. Бо дастуру ҳидоят ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор тадбирҳои муҳим роҳандозӣ  мешаванд. Қабули барномаҳо дар ин самт ва вусъати корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар сар то сари мамлакат гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Мавриди зикр аст, ки “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба  рушди соҳаи боғпарварӣ такони тоза бахшид. Бо мақсади иҷрои барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ дар масоҳати  15 780 гектар боғ (104,7 дарсад), 713 гектар аз нақша зиёд, инчунин, 1658, 3 гектар (68,1 дарсад) токзор бунёд гардид. Мақсади асосии барнома, ки аз бунёди боғу такзорҳои типи нав ва серҳосилу хушсифати ба содирот нигарондашуда, дар маҷмуъ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур иборат буд, барои боғпарварону деҳқонон роҳнамои судманд гашт. 
 
БУНЁДИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА 
Нурмаҳмад Камолов, ходими пешбари илмии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо яке аз бахшҳои асосии барномаи мазкур аст. Яъне, рушди соҳа на бо роҳи зиёд намудани майдони боғу токзор бо истифодаи технологияи куҳна, балки бо роҳи истифода аз технологияҳои нави пешрафта бояд амалӣ гардонда шавад. 
Ёдрас бояд шуд, ки оғози бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивии себ (аз 430 то 800 бех ниҳол дар 1 гектар) аз солҳои 70-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ оғоз гардида буд. Бо мурури замон дар давоми солҳои 70-90-уми асри қаблӣ даҳҳо ҳазор гектар боғҳои интенсивии себ дар шаҳри Панҷакент, водиҳои ноҳияҳои Ҳисору Рашт ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бунёд гардиданд, ки як қисми онҳо то имрӯз, гарчанде муҳлати истифодабариашон кайҳо гузашта бошад ҳам, боқӣ мондааст. Аммо, боғҳои суперинтенсивӣ (аз 1000 то 3500 бех ниҳол дар 1 гектар) бо сабаби гарон будани арзиши бунёди боғ дар истеҳсолот ҷорӣ карда нашуд.
Бино ба талаботи рӯз, аз солҳои 2010 инҷониб бунёди боғҳои суперинтенсивӣ аз нав оғоз гардид. Аввалин чунин боғ дар майдони 4 гектар дар хоҷагии фермерии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон аз навъҳои «Галла», «Голден делишес», «Ренет Симиренко» бунёд карда шуд. Соли 2013 бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки зиёда аз 600 нафар деҳқон дар ин хоҷагӣ семинари ҷумҳуриявӣ гузаронда шуд. Аз тарафи олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ бо истифода аз таҷрибаи хоҷагии «Сад Гигант»-и кишвари Краснодари Россия ва аз натиҷаи сафарҳои хизматии олимони Институт ба давлатҳои пешқадами ҷаҳон як тавсиянома оид ба «Технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ» бо забони тоҷикӣ бо шумораи 600 нусха нашр карда, ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ тақсим карда шуд. Аз ҳамон солҳо инҷониб олимони соҳа борҳо ба воситаи ахбори омма дар семинарҳои омӯзишии сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир ба афзалият, аҳамият ва самаранокии ин боғҳо баромадҳо карданд. Лекин дар амал татбиқкунии ин технология аз худи деҳқонон (фермерҳо)-и боғпарвар вобастагии калон дорад. Чунки риояи технологияи пурраи бун-ёд ва парвариши боғҳо, махсусан суперинтенсивӣ, маблағи калон (на кам аз 25-30 ҳазор доллари амрикоӣ барои 1 гектар)-ро талаб мекунад.
Ҳалли масъалаи афзоишдиҳии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз  ҷумла боғу токпарварӣ, дар тамоми дунё танҳо бо роҳи истифодаи технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Ин масъалаи мубрами рӯз аст. Чунки имрӯз дар ҷумҳурӣ бо миқдори каму зиёд беш аз 30 намуди  мевагӣ (дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, донакдор, чормағзиҳо, субтропикию ситрусӣ ва буттамевагиҳою ток), бештар аз 30 номгӯи зироатҳои сабзавотию полизӣ, картошка, як қатор зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ ва техникии ҳаётан зарур кишт карда мешаванд, ки барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилию беруна дар ҷумҳурӣ имкони афзудани майдони онҳо, махсусан дар заминҳои обӣ, нест. Дар баробари ин, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти чорводорӣ бо имконияти маҳдуд гардондани базаи хӯроки чорво, аз ҷумла чарогоҳҳо, имконнопазир аст.
Бинобар ин, роҳи ягонаи афзоишдиҳии истеҳсоли меваю ангур ин танҳо истифодаи технологияи муосир, яъне типи боғҳои нав – суперинтенсивӣ дар заминҳои обӣ ва интенсивӣ дар заминҳои лалмии бо намии табиӣ таъмин, бо истифодаи усулҳои намиғундор, намнигоҳдории хок мебошад.
АВЛАВИЯТИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ БАРОИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ 
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз он иборат аст, ки дар мавриди риояи дурусти технологияи бунёди боғҳо, интихоби замин, ҷинси дарахтон ва навъҳо, сари вақт гузарондани чорабиниҳои агротехникии нигоҳубин аз боғҳои интенсивӣ то 30-40 тонна ва аз боғҳои суперинтенсивӣ то 60-70 тонна аз як гектар ҳосил гирифтан имконпазир аст. Самаранокии боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ даҳҳо маротиба зиёд аст. Дар парвариши он гузарондани чорабиниҳои агротехникӣ, ба монанди шаклдиҳӣ, шохабурӣ, коркарди зидди зараррасонҳою касалиҳо, ҷамъоварии ҳосил сабук ва камхароҷот мебошад.
Дар ин гуна боғҳо дарахтон рӯшноии офтобро ба пуррагӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, дар меваҳо таносуби қанду кислота мувофиқ шуда, меваҳо накҳату лаззати ба худ хос мегиранд. Рангашон хуб ва мева калон шуда, баромади молии маҳсулот (мева) баланд мегардад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ  зиёда аз 600 гектар боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ бунёд гардидааст.
 
МОНЕАҲОИ РУШДИ СОҲА ДАР ЧИСТ?
Тавре Н. Камолов изҳор дошт, дар ҷумҳурӣ сиёсати аграриро Вазорати кишоварзии мамлакат пеш мебарад. Дар назди вазорат Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» амал мекунад. Кишти васеи зироатҳо, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда ва ток, танҳо баъд аз санҷиши давлатӣ гузарондан ва минтақабоб (ноҳиябандӣ) намудани навъҳо аз тарафи муассисаи номбурда рухсат дода мешавад. Мутаассифона, дар 5-10 соли охир ба ҷумҳурӣ миқдори зиёди навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток, аз ҷумла зиёда аз 60 навъи себ ворид шудааст, ки ҳоло дар шароити минтақаҳои боғдории ҷумҳурӣ аз санҷиши давлатӣ нагузаштаанд. Бинобар ин, аз рӯи мушоҳидаҳои мо, дар хоҷагиҳои гуногун як қатор навъҳо дар солҳои 2-3-юми ҳосилдиҳӣ то 30-40 тонна ҳосили хуб доданд, лекин солҳои минбаъда ба солбандӣ ва камҳосилӣ гузаштанд. Зеро технологияе, ки он боғҳо талаб мекунанд, хусусан ғизодиҳӣ, шохабурӣ, танзими ҳосилбандӣ ва ғайра риоя карда намешавад. Ҳамчунин, имрӯз дар шароити ҷумҳурӣ имконияти гузарондани ташхиси касалиҳои замбӯруғӣ, бактериявӣ ва вирусӣ нест.
Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаи боғу токпарварӣ мушкили дигари соҳа маҳсуб меёбад. Заминаи моддию техникии соҳаи боғу токпарварӣ айни ҳол дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Имрӯз, ки мо ба сохтори иқтидори бозаргонӣ гузашта истодаем, аз тарафи бонкҳо барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ додани қарзҳои миёнамуҳлат (то 4-5 сол)-и имтиёзнок ва аз ҷониби корхонаҳои агролизинг ба муҳлати то 10 сол ба тариқи насия додани техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолотҳо ба манфиати кор аст. Бояд заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ пурқувват карда шавад. Чунки ин хоҷагиҳо ба техникаю мошинолотҳои муосир ва дастгоҳҳои биотехнологӣ ниёз доранд.  
 
ЧӢ БОЯД КАРД?
Мусаллам аст, ки афзоиши табиии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани заминҳои обӣ, тағйирёбии иқлими сайёра сол ба сол иҷроиши талабот ва истеҳсолотро мушкил мегардонад. Мушкилоти мавҷуда олимону мутахассисони соҳаро водор менамояд, ки рушди соҳаи мазкурро пурмаҳсул ба роҳ монанд. Бинобар ин, мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки  аз омилҳои зерин самаранок истифода бурдан ҳалли ягонаи баландбардории ҳосилнокии меваю ангур мебошад. Бунёди боғҳои типи нав – интенсивӣ ва суперинтенсивӣ. Интихоби навъҳо ва зерпайвандҳои ба шароити маҳал ва гармию камобӣ устувор, серҳосил ва ба талаботи бозори дохилию беруна ҷавобгӯ. Самаранок истифодабарии нуриҳои органикию маъданӣ. Вобаста ба тағйирёбии иқлим гузаштан ба усулҳои муосири обёрӣ ва нигоҳдории намнокии хок. Сари вақт гузарондани чорабиниҳои зидди зараррасону касалиҳои замбӯруғӣ, бактериявӣ ва вирусӣ бо усули интегратсионӣ (дар маҷмуъ, усулҳои селексионӣ, агротехникӣ, механикӣ, физикӣ, биологӣ ва химиявӣ).
Воқеан, боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва  дастархони мардум, таъмини сокинон бо ғизои солим,  соҳаи саноат бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави кор нақши калон дорад. Аз ин рӯ, дар асоси дастовардҳои илмӣ ва қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши он ва ҳалли саривақтии мушкилоти боғпарварон ба рушд ва пешрафти соҳа мусоидат хоҳад намуд.   
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,              
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2022    №: 243    Мутолиа карданд: 1017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед