logo

иқтисод

ВОСЕЪ. ҚАРЗДОРИИ НОҲИЯ АЗ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД!

 

Ҷовидон Нуров, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат аз сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз тарафи мизоҷон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ тазаккур дод, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ қарзи истифодаи ҳаққи неруи барқ  77 миллиону 871 ҳазору 93 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Оид ба суоли хабарнигори рӯзнома дар бораи афзудани қарзи истифодаи неруи барқ масъулон як посух доранд, гӯё қарз аз солҳои қаблӣ боқӣ мондааст. 
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 11 моҳи соли равон қарз 8 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ба гуфтаи масъулон, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ дар ёздаҳ моҳи соли равон 76 дарсад иҷро гардида, талафоти неруи барқ дар ноҳия 34 дарсадро ташкил медиҳад.  
 Номбурда иттилоъ дод, ки дар тавозуни муассисаи мазкур беш аз 18 ҳазор пояҳои чӯбину бетонӣ қарор дорад, ки наздик ба 5 ҳазортои он фарсудааст. Ба гуфтаи Ҷ. Нуров, дар соли ҷорӣ бо қувваи худӣ 180 пояи фарсударо иваз карданд, ки 70-тои он пояи хати баландшиддат  мебошад. Ӯ аз ҳоли табоҳи беш аз 500 пояи хати  баланшиддат  изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки онҳо ба иваз кардан зарурат  доранд. Айни замон, дар ноҳия 39  деҳа аз барқ маҳрум аст. Ӯ афзуд, ки аз равғани трансформатор танқисӣ доранд ва касе ба дардашон намехӯрад.   
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро қарзи истифодаи неруи барқ коҳиш намеёбад? Масъулони шабакаҳои барқи ноҳия кай масъулиятшинос мешаванд, то аз афзоиши қарзи неруи барқ ҷилавгирӣ намоянд.
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2022    №: 243    Мутолиа карданд: 934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед