фарҳанг
ОЗМУНИ ДОНАНДАГОНИ ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА РУСӢ ТАШКИЛ ШАВАД
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба самти донишандӯзӣ ва китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Далели равшани ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои гуногун, махсусан, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Ҳадафи асосии озмун, ки аз баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар иборат буд, имрӯз дар муддати на чандон тулонӣ самари хуб ба бор овард. Афзудани теъдоди иштирокчиёни озмун аз тамоми табақаҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол дар соли равон гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ғамхорӣ ва дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодаанд. Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Ҳар як иқдоме, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари хирадманди мо арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии сатҳи маънавиёти мардум, бахусус насли наврасу ҷавон мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳои созанда буд, ки имрӯз мо самараи онро баръало дида истодаем. Дастовардҳои чашмрасу беназири иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” худ мисоли равшан мебошад. Вақте аз барномаҳои телевизионӣ баромади кӯдакону наврасонро мебинем, кас аз савияи дониш, лаёқати баланд, тарзи суханронӣ, ҳозирҷавобӣ ва завқу салиқаи нотакрори онҳо ба ваҷд омада, садҳо таҳсину офарин мехонад. Ҳамаи онҳо беҳтаринанд, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан низ мушкил аст.
Имрӯз раванди нави таърих бар дӯши давлати тозаистиқлоли мо ва хосса насли наврас вазифаҳои мураккаб ва пурмасъулро гузоштааст. Ояндаи давлат ва рушду пойдории он аз ин қишри ҷомеа вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, месазад нисбат ба насли нав ғамхору дилсӯз бошем ва барои онҳо шароити беҳтарро муҳайё созем.
Ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ чунин пешниҳод доштам, ки дар оянда озмунҳои ҷумҳуриявии забонҳои англисӣ ва русӣ низ роҳандозӣ гарданд, зеро хондану омӯхтани ин забонҳо дар кишвар айни ҳол ба таври дилхоҳ роҳандозӣ гардидааст. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба он мусоидат мекунанд, ки сафи ғолибони озмуну олимпиадаҳои дар хориҷи кишвар доиршаванда боз ҳам афзуда, онҳо бо баланд бардоштани парчами кишварамон онро ба аҳли олам муаррифӣ намоянд.
Заррина ҲАИТОВА,
омӯзгори фанни забони англисӣ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2022 №: 243 Мутолиа карданд: 929