logo

Хабарҳо

ДМТ. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ПУБЛИТСИСТИКА БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ

Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев ифтитоҳ, ҳамзамон, маҳфили имию амалӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ зодаи замони Истиқлол буда, 30-сола шуд. Факултет манбаи асосии тайёр кардани кадрҳо барои ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Хушбахтона, ба шарофати меваҳои шаҳдбори истиқлол, дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Донишгоҳи миллӣ мавҷи хосса дар диапазони 90.5 FM ҷудо гардида, аввалин барнома дар рӯзи Истиқлол, аллакай пахш гардид. Ифтитоҳи маркази имрӯза низ бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, раёсати Донишгоҳ ва хизмати фарзандони устод идомабахши бунёдкориҳои ҷашнӣ мебошад.
Академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз хотироти солҳои ҳамкорӣ бо устод ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳангоми фаъолият дар матбуот Асадулло Саъдуллоев роҷеъ ба рӯзгор ва осори адибони машҳур, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Расул Ғамзатов, Николай Тихонов, Константин Симонов, Ғафур Ғулом, Мирзо Иброҳимов, Аркадий Гайдар, Мӯъмин Қаноат ва дигарон тадқиқот анҷом дода, шахсият ва моҳияти осорашонро барои хонандаи тоҷик аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бозгӯӣ намуда буданд.
Декани факултети журналистика Бахтиёр Қутбиддин зикр намуд, ки профессор Асадулло Саъдуллоев бунёдгузор ва роҳбари мактаби илмии таҳқиқи публитсистикаи муосири тоҷик буда, 15 шогирди унвондор омода кардааст. Аз ин шумора имрӯз 12 нафар дар факултети журналистика ба таълим машғуланд. Домани таҳқиқоти устод басо фаррох буда, ҳамзамон, нақди адабӣ ва публитсистикаро низ фаро мегирад.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти омӯзгории Асадулло Саъдуллоев дар Донишгоҳи миллӣ аз соли 1980 оғоз гардида, то охири умраш идома ёфтааст. Соли 1978 рисолаи номзадиашро дар мавзуи "Замони муосир ва проблемаҳои публитсистикаи советии тоҷик (публитсистикаи Мирзо Турсунзода)" муваффақона ҳимоя мекунад. Соли 1996 дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи жанрҳои насри мустанади тоҷик (солҳои 1960-1980)” рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, дорандаи медали "Ветерани меҳнат", "Хизмати шоиста" ва ғайра мебошад. Муаллифи беш аз 50 асар ва 1000 маводи публитсистӣ. Намунаи осораш “Дарё равон аст” (1985), “Публитсистикаи Мирзо Турсунзода” (1988), “Агар сухан коргар шавад” (1992), “Бомдоди шубоб” (1994), “Хосияти адабиёт” (2000). “Жанрҳои журналистикаи радио” (2005), “Асосҳои журналистикаи телевизион” (2008), "Эссе" (2010), “Муаммои назарияи публитсистика” (2015) ва ғайра ба нашр расидааст.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 16790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед