logo

Хабарҳо

ҶОМИ ҶАҲОН

 
Аргентина баъди 36 сол боз чемпион шуд 
Тими миллии Аргентина зери роҳбарии сармураббӣ Лионел Скалони (ин мутахассис ҷавонтарин мураббӣ дар ин мундиал аст) дар бозии финалии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахаби Франсияро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 (вақти асосӣ ва иловагӣ – 3:3) шикаст дода, бори сеюм (қаблан, солҳои 1978, 1986) қаҳрамони ҷаҳон шуд. 
Вохӯрии ҳалкунанда 18 декабр дар варзишгоҳи “Лусаил Айконик”-и шаҳри Лусаил бо ҳузури беш аз 90 ҳазор тамошогар баргузор гашт. 
Нимаи аввали қувваозмоӣ бо бартарии аргентиниҳо сурат гирифта, онҳо бо голҳои задаи Лионел Месси (дақ. 23, пеналти) ва Ангел Ди Мария (дақ.36) ба танаффус баромаданд. 
Қисми дуюми зӯрозмоӣ ранги дигар гирифт. Бозигари Франсия Килиан Мбаппе тавонист дар дақиқаи 80-ум пеналтиро бе хато иҷро намуда, таносуби тӯбҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин тавр, ӯ пас аз як дақиқаи дигар голи дуюмро зада, бозиро ба вақти иловагӣ кашид. 
Дар дақиқаи 108 Месси боз дастаашро ба пеш баровард. Аммо Мбаппе натиҷаро (дақ.118, пеналти) баробар намуд. 
Дар силсилаи пеналти аргентиниҳо чор зарбаро бехато ба нишон расонданд, вале фаронсавиҳо танҳо ду гол заданд. Як пеналтиро дарвозабон баргардонд ва зарбаи дигар хато буд. 
Ҳамин тавр, Энтсо Фернандес (беҳтарин бозигари ҷавони Ҷоми ҷаҳон), Эмилиано Мартинес (беҳтарин дарвозабон), Килиан Мбаппе (беҳтарин нишонзан) ва Лео Месси (беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон) эътироф шуданд. 
Бояд гуфт, ки мақоми сеюмро дар Қатар мунтахаби Хорватия пас аз шикаст додани Марокаш ба ҳисоби 2:1 ба даст овард.
 
 
 
 
ГӮШТӢ
Муҳаммадамин ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил”
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Муҳаммадамин Абдуллоев, гӯштингири ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола (16 – 19 декабр,  Боку, Озарбойҷон) сазовори медали тилло шуд.
Муҳаммадамин дар вазни -80 килограмми гӯштии тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.
Дар мусобиқа варзишгарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Франсия, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доштанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 18501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед