фарҳанг
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ОЗМУНЕ, КИ ҲАМЕША ЗЕРИ НАЗАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ
Соли чорум аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ин ҷомеа ба китобхониву донишандӯзӣ ва ба ин васила тарғиби васеи илму фан дар саросари кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии Озмун хеле дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гашт, ки бешубҳа, аз самараи меҳнати масъулони он гувоҳӣ медиҳад. Қобили зикр аст, ки ҷиҳати ташкилу баргузории Озмун Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули баргузории он тадбирҳои судманд андешида, дар баланд гардидани нуфузи Озмун байни аҳолӣ фаъол мебошад.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки аз аввал ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба худ ҷалб намуда, тафаккури мардумро рушд бахшид. Мардум иштирок дар ин сабқатро ифтихор донистанд.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо сабаби чанд нуктаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғоявӣ судманд ва қобили мулоҳиза аст:
1. Ин Озмун иқдоми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишварҳои дигар назир надорад.
2. Раванди баргузории Озмунро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назар доранд.
3. Пешвои миллат ҳар як иштирокчии озмунро эътироф мекунанд. Озмуни мазкур иқдомест, ки аз миёни насли наврасу ҷавон беҳтаринҳо ва ашхоси сазовори дастгириро муайян мекунад. Ҳангоми яке аз суҳбатҳо бо ҷавонон пеш аз суханронии Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи Озмун дар соли 2020 таъкид карданд: “Медонем, мешиносем, дӯстат медорем!” Чунин сухан нишони боризи эътироф аст, ки ҳар як нафар хостори шуниданаш аст.
4. Яке аз ҷиҳатҳои дигари ҷолиби диққати Озмун ин аст, ки ҳар як хоҳишманд, ҳатто аз дурдасттарин деҳаи кишвар низ имконияти иштирок карданро дорад ва ҳамаи шароитҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои онҳо фароҳам оварда шудаанд. Кушоду равшан ва бо иштироки чеҳраҳои саршиноси кишвар баргузор шудани Озмун, инчунин, инъикоси пурраи рафти он тариқи васоити ахбори омма шаффофияти онро бештар таъмин намуда, эътимоди мардумро афзудааст. Ба ибораи дигар, ҳар як довталаб дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ мегардад ва маҳорати онро на танҳо аъзои ҳакамон, балки тамоми сокинони кишвар арзёбӣ мекунанд.
5. Озмун ба беҳтарсозии вазъи иҷтимоии зиёиён нигаронда шудааст. Ҳадяи молие, ки дар даври ниҳоии Озмун ба ғолибон аз ҷониби Ҳукумати кишвар, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба ғолибони даври минтақавӣ супурда мешавад, дар шароити мавҷудаи иқтисодӣ барои ҳалли ҷумлаи каму костиҳои таъминоти моддӣ ё сохтани манбаи иловагии даромад кифоягӣ мекунад.
6. Ғолибият дар Озмун имкониятҳои бузург дорад. Ғолибони Озмун мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ба онҳо як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла идома ва беҳсозии кору таҳсил, пешниҳод мегарданд. Сарвари давлат борҳо ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ доданд, ки ғолибони Озмунро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд. Ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза, ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ мебошанд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳ ва ихтисоси интихобкардаи худ, бидуни санҷиш, ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд;
8. Озмун замоне баргузор мегардад, ки вазъияти геосиёсии ҷаҳон ҳассос аст. Дар вазъияти печидаи сиёсии ҷаҳон ҳамаи ҷонибҳо талош меварзанд, ки ба тафаккури насли наврасу ҷавон таъсир расонда, онҳоро “ба доираҳои ғаразноки худ ҷалб созанд”. Ҳукумати кишвар аз тариқи Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳи ҷавонону наврасонро ба китобу китобхонӣ машғул сохт, то онҳо таҳти таъсири бегонагон намонанд.
9. Дар ин Озмун касе мағлуб намешавад. Яъне, ҳатто агар иштирокчӣ дар Озмун ғолиб наояд ҳам, медонад, ки иштирок дар он ва мутолиаи китобҳо барояш манфиатбор буд ва донишҳои андӯхтааш дар зиндагӣ барояш раҳнамо мегарданд.
Ҳамин тариқ, назари коршиносон ва ҷомеа ба баргузории Озмун ва натиҷаҳои он комилан мусбат буда, дар шароити печидаи вазъи таълиму тарбия воситаи муҳими ҷалби на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми ҷомеа ба омӯзишу худтакмилдиҳӣ дониста мешавад.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сабқатест ба манфиати давлат ва миллат.
Асҳобиддини ШЕРАЛӢ, номзади илмҳои педагогӣ, директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2022 №: 244 Мутолиа карданд: 759