logo

Хабарҳо

КИНО. БАРНОМАИ РУШД ҚАБУЛ ГАРДИД

Чанде пеш бо дастгирӣ ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027” қабул гардид. Ҳадафи асосии он рушди синамои миллӣ ва ба ин васила тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,  таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллӣ дар замони ҷоҳонишавӣ мебошад. Барнома дар ду марҳила (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027) татбиқ мегардад.
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, зимни суҳбат иброз намуд, ки лоиҳаи Барнома бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи кино”, мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, протоколи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ва  ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва  тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия шудааст. Маблағгузории он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, инчунин, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамзамон, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст,  амалӣ мешавад.
- Ҳадаф ва вазифаҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, пеш аз ҳама, истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши оммавии кино, таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкили назорати фаъолияти кинотолорҳо ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, ба низом даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ мебошад, ки бе заминаи устувори моддию техникӣ ва дастгирии давлатӣ амалӣ шуданашон ғайриимкон аст, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Барномаи мазкур масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар, таъмини соҳаи синамо ба техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи муосир, таҳкими заминаи моддӣ ва ҷалби тамошобинонро фарогир мебошад. Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи синамои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва муаррифии кинои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дар назар аст.
Дар Барнома таваҷҷуҳи бештар ба истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллии инъикоскунандаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, филмҳои дорои моҳияти ватандӯстию меҳанпарастидошта, таҷдид ва бунёди инфрасохтори соҳа дар ҳудуди кишвар, баргузории синамоҷашнвораҳо, рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва рӯзҳои кинои тоҷик берун аз мамлакат, нашр ва тарғиби маҷаллаи “Кино”, барқарорсозии майдонҳои наворбардорӣ равона мегардад.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 21168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед