logo

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон

 

12 – 19 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар дидор пешниҳодҳои тарафҳо оид ба гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд. Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.
 
 
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Раймундас Кароблис
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт, –  хабар дод вазорат.
Ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар доираи абзорҳои гуногуни дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Имзои созишномаи грантӣ
Дар Вазорати молия маросими баимзорасонии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», корхонаи фаръии обу ташноби шаҳри Кӯлоби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» сурат гирифт.
Созишномаро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Айтен Рустамова, директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Усмон Давлатзода ва директори корхонаи фаръии обу ташноби шаҳри Кӯлоби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Миралӣ Шарифзода имзо карданд.
Мақсади лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Арзиши умумии созишнома 7,5 миллион евро буда, аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад.
 
 
Раиси ВМКБ аз истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
Дар машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, фаъолияти сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, раёсату идораҳо аз ҷониби масъулон ахборот пешниҳод шуд. 
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаи фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нишон додани вокунишҳои саривақтӣ ба маводҳои иғвоангезро, махсус таъкид намуда, зикр кард, ки дар вазъияти печидаву ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти ҳифзи дастовардҳои миллатамон саҳмгузор бошем.
 
 
Аз гурӯҳи муташаккили қаллобон эҳтиёт шавед!
Вазорати корҳои дохилӣ аз як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони кишвар аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст, ҳушдор медиҳад. 
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ зикр менамояд, ки раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз кардаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронда шудааст.
ВКД аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан, аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 22586
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед