logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ҶДММ «ҚОЛИНҲОИ ДУШАНБЕ»

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
 
Корхонаи азими қолинбофӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат – 2022-2026 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд ёфтааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону  500  ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.
Дастгоҳу таҷҳизоти муосири қолинбофӣ аз ширкати машҳури «Вандевил»-и (VAN DE WIELE) Шоҳигарии Белгия ворид карда шудааст, ки мутахассисони тоҷик хатҳои истеҳсолиро васлу насб намуда, пурра идора менамоянд.
Ба таъкиди мутахассисон раванди истеҳсоли қолинҳо аз равона намудани ришта то бофандагию пардоздиҳӣ ва бастабандии маҳсулоти тайёр нуҳ марҳиларо дар бар мегирад.
Дастгоҳҳои замонавии қолинбофӣ ба таври механикӣ фаъолият мекунанд ва дар ҷараёни истеҳсолот қисме аз корҳо аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ бо истифода аз таҷҳизоти ёрирасон иҷро мегарданд.
Ҳоло дар корхона истеҳсоли қолинҳо бо андозаҳои аз 1 то 5 метр паҳноӣ, аз 2 то 6 метр дарозӣ ва аз ин ҳам бештар вобаста ба талаботи бозорҳо ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти  завқу салиқа ва фармоиши мизоҷон, дилхоҳ шаклу андозаи қолинҳо дар корхона истеҳсол карда хоҳад шуд.
Дар ҳудуди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» бинои маъмурӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар бинои маъмурӣ барои кормандону мутахассисон ҳуҷраҳои барҳавои корӣ сохта шуда, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. Шароити замонавии корӣ ба ҳайати мутахассисон имконият медиҳад, ки ҷараёни  фаъолияти самарабахши корхонаро танзим карда, раванди истеҳсолотро дар сатҳи баланд таъмин намоянд. 
Бинои меҳмонхона аз 17 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ иборат буда, дар он барои мутахассисону кормандони корхона шароити арзандаи истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона барҳаво буда, бо ҷевону рахти хоб, роҳаткурсӣ ва техникаи маишӣ муҷаҳҳаз гардидааст, то мутахассисону кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ ба истироҳату фароғат низ фаро гирифта шаванд.
Бо мақсади муаррифӣ ва дастрасии қолинҳо ба мизоҷон дар назди ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” мағозаи замонавии фурӯши маҳсулот таъсис ёфтааст. Дар мағозаи мазкур мизоҷон имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас қолинҳои дилхоҳи худро интихоб, фармоиш ва харид намоянд. Ҳадаф аз таъсиси нуқтаи фурӯш боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Қолинҳои харидоришуда тавассути нақлиёти корхона ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайёр, ки  дар он номгӯи зиёди  қолинҳо ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати қолинҳои истеҳсоли ватанӣ баҳои баланд доданд.  
Дар намоишгоҳ қолинҳои гуногунҳаҷм, бо шаклу намудҳои гуногун ва тарҳи муосир муаррифӣ карда  шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 150 намуд қолин бо тарҳу андозаҳои гуногун истеҳсол мешавад. Дар рӯи қолинҳо нақшу нигори миллӣ дар омезиш бо санъати муосир тасвир ёфтаанд. Ҳамин тариқ, қолинҳои истеҳсолнамудаи корхонаи нави саноатӣ бо сатҳу сифат, шаклу услуб ва нақшу нигори хоссаш ифодакунандаи анъанаи қадимаи қолинбофии халқи тоҷик аст.
Ба иттилои масъулон, талаботи солона ба қолин дар мамлакат 7,5 миллион метри мураббаъ мебошад. Роҳбарияти ҶДММ "Қолинҳои Душанбе" иқдом гирифтанд, ки то моҳи марти соли 2023 марҳилаи дуюми корхонаро ба истифода супоранд. Бо фаъол шудани марҳилаи навбатӣ боз 500 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, иқтидори корхона дар як сол ба 3 миллион метри мураббаъ қолин баробар мегардад.
Сарвари давлат таъсиси ин корхонаи азими саноатиро дар самти амалишавии "Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳоло содироти қолинҳои истеҳсолоти ватанӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Афғонистон, ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ  барои таъсиси корхонаи замонавии қолинбофӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти босифати ватанӣ ба хориҷи кишвар ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2022    №: 245    Мутолиа карданд: 883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед