иҷтимоиёт
ТАНҚИД АГАРЧИ ТАЛХ АСТ...
Баррасии раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ ёфтан аз буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва расидан ба комёбиҳо хеле бузург аст. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳар давраи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири арзишҳои бузург ва ташаббусҳои созанда дар роҳи таҳкими истиқлолият ва пойдории давлатдории навини тоҷикон аст.
Хулосаи ҳар амал дар натиҷаи баҳсу машварат ба як барномаи мукаммал табдил меёбад, ки амалӣ кардани он бар манфиати миллат аст. Чун сохти давлатдории мо демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муқаррар гардид, нуктаи такя низ бар ҳамин се рукн буд. Нахуст, мутобиқ кардани дархостҳои мардум бо амалкарди давлат сурат гирифт, намояндагони мардум ва Президенти давлатро халқ бо овоздиҳӣ интихоб кард, то интихобшудагон бар манфиати мардум фаъолият баранд. Дуюм, сохтори давлати дунявӣ тақозо намуд, ки дин ба кори давлат дахолат накунад. Сеюм, давлати ҳуқуқбунёд пайваста аз ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванди кишвар ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳимоят намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон оғози фаъолияти худ мутобиқи барномаи мазкур сохти давлатдории моро таҳким бахшид.
Дар фосилаи се даҳсола ҳарчанд мо мушкилоти асосии иқтисодию сиёсии кишварро бартараф намудем, аммо барои расидан ба зинаҳои баланди тараққиёти ҳамаи соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ кӯшиши пайваста бояд кард. Албатта, роҳи пешрафт ҳамвору осон нест, дар ин роҳ пастиву баландиҳо, қомат рост кардану пешпоӣ хӯрданҳо ва бурду бохтҳои зиёде ҳастанд.
Ба андешаи мо, барои бартараф кардани мушкилот ва кушодани гиреҳи муаммоҳо ба ҳар амалкард бояд нигоҳи интиқодӣ дошта бошем ва аз баҳс кардан барои расидан ба асли ҳақиқат наҳаросем. Танҳо дар натиҷаи баҳсу машварат метавон ба як хулосаи ниҳоӣ расид. Намешавад ҳақиқатро, ки мисли Офтоб аст, бо домон пӯшид. Барои расидан ба комёбиҳо нахуст мебояд камбудиҳоро ташхис кард. Чун мо камбудиҳоро муайян мекунем ва зарари онҳоро бартараф месозем, роҳ ба сӯи комёбиҳо фарох мегардад. Агар ба ибороти дигар бигӯем, ҳар чизе, ки нуқс дошта бошад, комил нест, яъне ҳар кори нуқсондор нимкора аст ва арзишаш ҳам баланд нест. Дар замони шуравӣ шиоргунаи “танқид меваи коммунизм аст” ҳикмати арзишманде дошт ва ба пешрафти давлат ёрӣ ҳам дода буд.
Имрӯзҳо саволе пайдо мешавад, ки чаро дар васоити ахбори умум бештар аз комёбиҳо мақолаву барномаҳо навиштаву намоиш дода мешаванд ва хеле ба нудрат аз камбудиҳо сухан меравад? Сабаби асосӣ ин аст, ки мо таҳаммули шунидани танқидро надорем, яъне камбудиҳои худро дидан ва ислоҳ кардан намехоҳем. Бар касофати ҳамин одати баде, ки дорем, нуқсонҳо садди роҳи комёбиҳои бештари мо мегарданд.
Садди роҳи пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ чист? Мебояд мутахассисону андешаварон пайваста посухи ин саволро ҷустуҷӯ кунанд.
Назари интиқодӣ доштан ба масъалаҳои баҳсбарангез сабаби такмил ёфтани барномаи тозае мегардад. Ба як андешаи ниҳоӣ расидан аз машварату баҳсҳо дар давлатҳои низомашон демократӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Ин ҳикмати маъруфи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мо бояд сармашқи ҳар кори бузурги худ қарор бидиҳем:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Вақте як шахси масъули корхона ё идорае эҳсос мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумат, иҷтимоъ ва расонаҳои хабарӣ камбудиҳои ӯ ошкор карда мешаванд ва мавриди интиқод қарор мегиранд, даҳчанд масъулияташ меафзояд ва пайваста дар рафъи камбуд ва нуқсонҳои кораш мекӯшад. Аз ин дидгоҳ таъсири интиқод дар қиёс бо натиҷаи ситоишу таърифҳо хеле назаррастар аст ва метавонад бар фоидаи кор бошад.
Аз як нуктаи дигар ҳам сарфи назар наметавон кард. Гоҳо пеш аз интишор ва ба ҷойи лозима расондани маводи танқидӣ шахси танқидшаванда ба шахси танқидкунанда ришва пешниҳод мекунад, то рози камбудиҳои ӯ ва ё ҷиноятҳояш пӯшида бимонад. Дар чунин мавридҳо ғайриихтиёр ду ҷиноят ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ сурат мегирад, ки ин ҳам амали номатлуб аст.
Хулоса, барои бенуқсон ва комил гардидани барномаҳои пешрафт, ба низоми солим даровардани кори корхонаву муассисаҳову идораҳо, тақвият бахшидани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд аз ҳамаи василаҳои муассир, аз ҷумла аз интиқоди дурусту беғараз низ метавон истифода кард.
Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2022 №: 245 Мутолиа карданд: 1628