logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ГУМРОҲӢ

Мубаллиғи “ДИИШ” 12 сол паси панҷара рафт
Сафар Каримов, сокини ноҳияи Қубодиён, барои таблиғи ғояҳои ифротии ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” ва ҷалби шаҳрвандон ба сафи ин созмони тундрав 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳукми зиндон нисбат ба С. Каримовро суди вилояти Хатлон моҳи ноябри соли ҷорӣ содир намуд, ки бар асоси он маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард. 
Сафар Каримов барои он айбдор мешавад, ки замони дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш ақидаҳои “ДИИШ”-ро ҷонибдорӣ ва шаҳрвандонро барои пайвастан ба он ташвиқ кардааст. Дар робита ба ин далел, нисбат ба ӯ бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди ҷустуҷӯи ҷиноятии байналмилалӣ қарор дода шуд. Сипас, дар ҳудуди шаҳри Озинкии вилояти Самараи Федератсияи Россия боздошт ва ахиран ба Тоҷикистон истирдод гардидааст. 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Боздошти марде, ки мошини иҷораро фурӯхту пулашро ба ҷайби худ зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини шаҳри Душанбе (марди 58-сола)-ро ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Бар пояи маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, шахси гумонбар моҳи октябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба бовари марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ мошини боркаши тамғаи “Шагман”-ро ба муҳлати се сол иҷора гирифтааст. Боздоштшуда мошини иҷораро ба маблағи 40 ҳазор доллари ИМА фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
ДУЗДӢ
Ноболиғе бо 30 ҳазор сомонӣ ба дасти милитсия афтод
Маъмурони милитсия дар шаҳри Бохтар ноболиғи 16-солаеро боздошт намуданд, ки ба дуздии 30 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад. 
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ноболиғи дастгиршуда ин миқдор маблағро аз дукони “Тезтаёр”, воқеъ дар шаҳри Бохтар дуздидааст. Боздошти гумонбар дар асоси муроҷиати марди 28-солаи сокини ҳамин шаҳр ба ШВКД дар шаҳри Бохтар муаяссар шуда, айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед