фарҳанг
ШАҲЛО САЙДАЛИЕВА: «ПЕШВОИ МИЛЛАТ ФУРӮҒИ МАЪНАВИРО БАРАФРОХТАВУ ИСТИҚЛОЛИ АНДЕШАРО БА ВУҶУД ОВАРДАНД»
Сафари хизматии мо ба ноҳияи Данғара ин бор ба хотири шодбошии Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳия, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» анҷом пазируфт. Бале, ҳунари китобхонӣ ва суханварии Шаҳлоро Озмун, ки муҳимтарин падидаи фарҳангии чор соли охир арзёбӣ мешавад, кашф ва ба ҷомеа манзур дошт. Ҳам адабиёти муосирро медонад ва ҳам классикиро. Аз адабиёти кӯдакон низ баҳравар мебошад. Осори адибони ҷаҳониро низ мутолиа намуда. Кӯтоҳи гап, пурдон, ҳушманд, суханвар ва бо ҷасорат аст. Шаҳло ҳанӯз дар саргаҳи ҳаёт мебошад, аммо ба назар чунин менамояд, ки ба сӯи ҳадафҳои бузург қадам мениҳад. Муҳимтар аз ҳама, иродаи қавӣ дорад, ки ӯро то охири роҳи интихобкардааш мерасонад. Инро аз суҳбат бо ӯ метавон дарёфт.
Бо ӯ суҳбат оростем то бидонем дар ҳоле, ки соли гузашта ҳайати ҳакамони нуктасанҷ Шоҳҷоизаи Озмунро ба касе сазовор надонистанд, Шаҳлоро ин ифтихори бузург дар ин сол чӣ гуна насиб гашт?
– Шаҳлобону, пирӯзӣ муборак бошад!
Агарчи ҳоло аз ҷамъбасти Озмун чанд рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ботинатон ҳанӯз ҳаяҷону изтироб эҳсос мешавад…
– Бале, ҳамин гуна аст. Шаҳди пирӯзӣ ширин будааст (механдад). Ин пирӯзӣ ба мо – ғолибони Озмун аз роҳи дониш насиб шуд, ки онро тавассути мутолиа ба даст овардем. Рӯзи ҷамъбасти Озмун дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аҳли толор, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба ҳам омада буданд, ҳар як ғолиби Озмунро бо кафкӯбии бардавом пешвоз мегирифтанд. Қарсакзании аҳли толор нишони эътимоди мардум ба ғолибони Озмун аст. Онҳо дар симои ғолибон ояндаи неку дурахшони кишварро мебинанд. Миннатдории самимии худ ва тамоми иштирокдоронро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки бо ташкили Озмун фурӯғи маънавиро дар ҷомеа барафрохтаву истиқлоли андеша ба вуҷуд оварданд. Акнун чор сол мешавад, ҳама ҷо сухан аз китоб аст. Мо – насли ҷавон дарк намудем, ки танҳо китоб рӯшангари фардои мо мебошад.
Ман ҳам барои ширкат дар Озмун зиёд ва ҷиддӣ омодагӣ гирифтам, аммо бовар надоштам, ки Шоҳҷоиза насибам мешавад. Бояд бигӯям, ки ин дастовард натиҷаи заҳмати бисёрсолаи ман аст. Соҳиби Шоҳҷоиза шудан бароям ҳам ифтихор асту ҳам масъулият.
– Воқеан, эълони барандаи Шоҳҷоиза ҳассоситарин лаҳзаи маросими ҷамъбасти Озмун на танҳо барои аҳли толор, балки тамоми мардуми кишвар буд.
– Барои ман ҳам. Вақте номамро ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза ба забон оварданд, ҳаяҷону шавқе маро фаро гирифт, ки ногуфтанист. Модарам, ки маро ҳамроҳӣ мекарданду дар толор менишастанд, аз ин хеле шод шуданд. Зимнан, модарам ба нишони «Маърифатпарвар» қадр шуданд.
– Гуфтед, ки Шоҳҷоиза натиҷаи заҳмати бисёрсолаатон аст. Пас, маълум мегардад, ки барои ширкат дар Озмун замина доштед.
– Ба китобхонӣ аз хурдӣ шавқ доштам. Вақте бародарам китоб мехонд, ман хондану навиштанро балад набудам, аммо китобҳои ӯро як-як аз назар мегузарондам. Ҳанӯз дар синфи 2-3 мехондам, ки дар озмунҳои байнимактабӣ, ноҳиявӣ иштирок мекардам. Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм гаштам. Гирандаи Стипендияи президентӣ мебошам. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари садҳо ҳамсолонам, шавқи китобхонии маро низ ангеза бахшид. Аз соли аввале, ки Озмун роҳандозӣ шуд, ман ҷараёни баргузории онро пайгирӣ ва дар он иштирок мекардам. Иштирок дар Озмун тасмими худам буд ва аз он, ки волидонам тасмими маро ҷонибдорӣ намуданд, хушҳолам.
Соли 2020 дар Озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ширкат намуда, то даври вилоятӣ рафтам. Соли гузашта то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам. Ҷойи ифтихорӣ насибам нагашт, вале таҷрибаам бештар шуд. Имсол аз рӯйи ҳамин номинатсия дар даври ҷумҳуривии Озмун ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба ман сазовор донистанд.
– Ва ин имкони хубе гардид барои дар даври аз ҳама охири Озмун, яъне Шоҳҷоиза ширкат кардан.
Бале, ман ин имкониятро ҳеҷ аз даст додан намехостам. Дар баробари ман, 11 нафари дигар ҳам.
Аслан, мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамони Озмун имсол 18 нафар сазовори ҷойи аввал гардид ва тибқи талабот ҳамаи онҳо метавонистанд, албатта, бо хоҳиши худ барои Шоҳҷоиза сабқат кунанд. Аммо аз ин шумор ҳамагӣ 11 нафар ширкат намудем. Дигарон аз сабқат дар ин давр даст кашиданд. Манзурам ин аст, ки дар сабқати охир рақибони ман нафароне буданд, ки онҳоро ҳайати ҳакамон беҳтарин шумурдаву муносиби ҷойи аввал донистанд.
Тибқи талаботи низомномаи Озмун, Шоҳҷоиза насиби нафаре мегардад, ки аз ҳама номинатсияҳо огоҳ бошад. Ман барои иштирок дар Озмун 25 роман, 40 повест, 100 ҳикоя, 100 ғазал, 150 рубоӣ, дубайтӣ ва мухаммас, 500 байт аз достон, очерку пйеса ва дигар навъҳои шеъриро аз адабиёти муосир аз худ кардам. Дар ин баробар, осори адибони классик ва адабиёти ҷаҳонро ҳам.
– Ҷиҳати дастрасӣ ба адабиёт бо мушкил мувоҷеҳ нашудед?
– Дар ин самт ҳам модарам ва ҳам устодам ба ман кумак намуданд. Онҳо адабиётеро, ки тибқи низомнома хонданашон воҷиб аст, аз Китобхонаи марказӣ ва китобхонаи Қасри фарҳанги ноҳия ба ман дастрас менамуданд. Хусусан, осори адибони ҷаҳонро. Аммо буданд китобҳое, ки аз ноҳия дарёфти онҳо мушкил буд. Ба ҳамин хотир, соли гузашта дар Китобхонаи миллӣ аъзо шудам. Имсол беш аз як моҳи охир дар Китобхонаи миллӣ будам. Он ҷо ҳам ба даври ҷумҳуриявии Озмун омодагӣ дидам ва ҳам дӯстони зиёде пайдо кардам.
– Акнун, ки ғолиби мутлақи Озмун шудед, дари ҳама донишгоҳҳои кишвар ба рӯйи шумо боз аст. Оянда кадом касбро интихоб менамоед?
– Аз паси волидонам меравам. Онҳо табибанд ман ҳам мехоҳам табиб шавам.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.12.2022 №: 246 Мутолиа карданд: 1477