logo

Хабарҳо

ЗАМИН ВА ХОК. ҲОСИЛХЕЗӢ ВА МАНБАИ ҒИЗОИ СОЛИМРО АЗ ТАЛАФОТ ЭМИН БОЯД ДОШТ

Дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот (TRIGGER) Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» дар шаҳри Душанбе симпозиуми дурӯзаи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар чорабинӣ шумораи зиёди намояндагони мақомоти маҳаллӣ, кишоварзон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, олимон, академикҳо ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хок иштирок доштанд. 
Ҷаббор Носирзода, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни иштирок ва суханронӣ дар ин нишаст зикр намуд, ки таназзул ва шӯршавии замин, инчунин, истифодаи бесамари он мушкили умумии тамоми инсоният мебошад.
– Чунонки ҳамаи мо медонем, замин ва тухмии солим асоси истеҳсоли ғизои солим мебошанд. Вале далелу рақамҳо нишон медиҳанд, ки таназзули замин ва хок, аллакай ба зиёда аз 20 дарсади аҳолии ҷаҳон таъсир расондааст. Даромади деҳқонон ва амнияти озуқаворӣ дар зери хатари таъсири таназзули бардавоми захираҳои замин қарор гирифтааст, - гуфт Вулф-Хендрик Горетски, директори Лоиҳаи рушди фарогири деҳот /TRIGGER. 
Лоиҳа ва шарикони он чорабиниҳо оид ба идоракунӣ ва ҳифзи замин, аз ҷумла натиҷаҳои 2 қитъаи намоишӣ оид ба муқоисаи таъсири ғизодиҳии решагӣ бо истифода аз нуриҳои органикӣ, минералӣ, ғизодиҳии баргӣ ба ҳосилнокии картошка ва истифодаи заҳрхимикатҳо, маҳлулҳои аз рустанӣ тайёршуда барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон дар водии Раштро аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Рушди муносибатҳои миёнмарзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол” пешниҳод намуданд. Шарики лоиҳа – ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон” (БҶИИМК) натиҷаи таҷрибаи муваффақ оид ба баланд бардоштани ҳосилхезии замин тавассути истеҳсол ва истифодаи био-гумус дар водии Зарафшонро пешниҳод намуд.  
– Ҳаёт дар рӯи Замин аз замини солим вобаста аст ва замин зери фишори бисёре аз фаъолияти инсонӣ, аз ҷумла фаъолияти иқтисодӣ низ қарор дорад. Ҳифз накардани хок ба хисороти калони иқтисодӣ хоҳад овард, - изҳор дошт Ҷузеппе Аристеи, роҳбари бахши об дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рӯзи дуюми симпозиум, Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» хизматрасониҳои худро оид ба таҳлили ҳамаҷонибаи хок тавассути намоиши амалии таҳлили хок дар озмоишгоҳ пешкаш намуд. Намоиш бо боздид аз саҳро ва омӯзиши амалӣ оид ба гирифтани намунаи хок  аз ҷониби мутахассисони ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» ба анҷом расид.
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот (TRIGGER), тарҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.
 
Шарофат АШУРОВА,
мутахассиси Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот (TRIGGER)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19531
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед