logo

илм

ДАВЛАТДОРӢ. КАЙ ИЛМ БА ИСТЕҲСОЛОТ МЕПАЙВАНДАД?

Дар шароити муосири истеҳсолот талабот на фақат ба истифодаи илм, балки ба татбиқ намудани усулу таҳқиқоти илмӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Имрӯз давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф дар ҳоли гузариш ба марҳалаи рушди ҷамъияти баъдисаноатӣ қарор доранд ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ, ин гуна давлатҳо дорои бахши васеи соҳаи хизматрасонианд. Дар Тоҷикистон низ зарур шумурда мешавад, ки татбиқи доираи васеи навовариҳо (инноватсияҳо) ва саноати сермаҳсул амалӣ гардад ё ба маънои дигар, илм бо истеҳсолоти саноатӣ пайваст карда шавад.

Дар ин робита, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис дода шуд.
Шуъбаи мазкур бо мақсади мусоидат барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, аз ҷумла коркардҳои илмӣ ва технологияҳои олимони АМИТ дар истеҳсолот ташкил гардидааст. Аз рӯзи таъсисёбии шуъбаи зикршуда то ин дам бо мақсади мусоидат дар самти пайваст намудани дастовардҳои илмии олимон корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд.
Вобаста ба ҳар як дастоварди илмӣ ва лоиҳаи пешниҳодшудаи олимон барои татбиқ дар истеҳсолот бо корхонаҳои соҳаҳои саноати металлургияи ранга ва металлургӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, саноати мошинсозӣ, мудофиа ва химия, ширкатҳои фарматсевтӣ ва сармоягузорон робита барқарор гардидааст.
Яке аз чорабиниҳои бузурге, ки дар заминаи шуъба ташкил ва баргузор гардид, ин Форуми байналмилалии “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот – дурнамои рушд” мебошад, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузашт.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”-ро амалӣ менамояд, ки он дар рушди иқтисоди миллӣ нақши басо муҳим дорад. Барои дарк намудани ҳолати ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар шароити имрӯзаи кишвар ва муқоиса намудани он бо кишварҳои пешрафта, ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар Ҷопон ва Амрико аксарияти олимон дар соҳаи саноат фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда мувофиқан 64-81 дарсадро ташкил медиҳад ва ҳиссаи олимоне, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатӣ фаъолият мекунанд, қиёсан кам буда, мутаносибан 5-4 дарсадро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ин нишондиҳанда дар кишвари мо баръакси ҳол мебошад ва аксарияти олимон дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ин яке аз нишонаҳои дур будани илм аз истеҳсолот ба ҳисоб меравад.
Баргузории Форуми мазкур низ аз ҷумлаи мақсадҳои асосии шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки пеш аз ҳама барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот равона шудааст. 
Пешниҳод доштем, ки дар назди муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корхонаҳои хурди илмӣ-истеҳсолӣ таъсис шаванд, ба омӯзиши технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ гардондани онҳо дар шароити Тоҷикистон диққати хосса зоҳир карда шавад, мақсад, вазифаҳо, мубрамият, соҳаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли мухтасар ба нашр расонда шаванд ва тарафҳои ҳавасманд дастрас шаванд, бештар ҷалб намудани сармоягузорон барои татбиқи лоиҳаҳои илмӣ дар истеҳсолот, дар доираи ҷаласаҳои раёсати АМИТ ё бюроҳои шуъбаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як сол як (ҳатмӣ) ва ё ду (вобаста ба зарурият) маротиба комиссияи босалоҳияти экспертӣ оид ба интихоб ва пешниҳоди дастовардҳои илмие, ки дар истеҳсолот татбиқшаванда ҳастанд, таъсис дода шавад, маводи муъҷаз таҳти унвони “Феҳристи лоиҳаҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот” ҳамасола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуда, барои муаррифӣ ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳои саноатию ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқ дар истеҳсолот дастрас шавад.  Чорабиниҳо оид ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, тавассути дидан аз корхонаҳои саноатӣ бо мақсади мулоқоти рӯ ба рӯи олимон бо саноатчиёну тоҷирон ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, қабули фармоишоти корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби олимон ва дарёфти механизмҳои тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот гузаронда шаванд, оид ба тарзу усулҳои пешниҳод ва муаррифии лоиҳаҳои илмӣ дар шакли бизнес-нақша ва ё лоиҳаи сармоягузорӣ барои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тренингҳои омӯзишӣ гузаронда шаванд, вобаста ба лоиҳаҳои пешниҳодшудаи маҷмаъавии илмӣ чорабиниҳои алоҳидаи соҳавӣ бо ҷалби корхонаҳои саноатии соҳавӣ, шарикони рушд ва мақомоти соҳавии давлатӣ баргузор шавад, Форуми байналмилалии “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот – дурнамои рушд” ҳамасола доир гардад.
 
Манучеҳри ДАВЛАТАЛӢ, 
мудири шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед