logo

ҳуқуқ

ҚОНУНГУЗОРӢ. ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ ШАРТИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ

 

– Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардондани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
 
Ин матлаб аз ҷумлаи нукоте буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 иброз доштанд. Дарвоқеъ, ҷаҳонишавии муносибатҳои ҳуқуқӣ, байналмилалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ замина фароҳам меорад, ки онҳо бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба танзим дароварда шаванд. Тибқи банди 5 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувории давлати ҳуқуқбунёд ва ҳимояи манфиатҳои халқи Тоҷикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобиқ ба арзишҳои башарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.
Дар ҳамин замина давоми соли ҷорӣ дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» рӯи кор омаданд. Гузашта аз ин, ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. 
Интизор меравад, ки то фарҷоми сол Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» мавриди амал қарор гиранд.
 
КОДЕКСИ ГРАЖДАНӢ  КОДЕКСИ МАДАНӢ МЕШАВАД
Ҳуқуқшиносон яке аз дастовардҳои соли 2022 дар самти қонунгузориро қабул гардидани лоиҳаи Кодекси мадании (Кодекси гражданӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 фасл, 72 боб, 1351 модда) арзёбӣ мекунанд, зеро ин Кодекс дар қиёс ба дигар санадҳои амалкунада аз нигоҳи ҳаҷм ва фарогирии  масоил  калон  мебошад.  Он дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (26.04.2013) ва Амри Президенти мамлакат (30.04.2019) таҳия гардидааст. Лоиҳа бо назардошти таҳлили амалияи татбиқи беш аз 20-солаи Кодекси амалкунандаи гражданӣ навгониҳои бавуҷудомада дар муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ, тадқиқоти илмӣ таҳия гардида, ҷавобгӯ ба талаботи муосири муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад. 
– Баъди қабули Кодекси граждании соли 1999 дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳаввулоти зиёд ба амал омад, ки баъзе аз ҷанбаҳои он дар қонунгузории гражданӣ инъикос ва танзим наёфтанд. Чунин дигаргуниҳо на танҳо дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳое, ки мо бо онҳо дар як фазои ҳуқуқӣ қарор дорем, ба миён омаданд. Бинобар ин, дар лоиҳаи Кодекси нав мушкилоти муҳими ҷойдошта ҳаллу фасл ва танзими ҳуқуқии онҳо мушаххас пешбинӣ гардида, норасоию мухолифатҳо ислоҳ ва бартараф шуданд, – иброз дошта буд Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, зимни баррасии лоиҳаи Кодекс дар Маҷлиси намояндагон. 
Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси маданӣ аз амалӣ гардидани нишондоди дигари Паём “сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакат ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида” гувоҳӣ медиҳад, зеро дар банди 39  Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 зикр шудааст, ки бо рушди мавқеи инсон дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, талабот ба танзими ҳуқуқи гражданӣ зиёд мегардад. Дар ин ҷода Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши марказӣ дошта, танзими муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба худмухторӣ ва баробарӣ асосёфтаи иштирокчиёни онро анҷом медиҳад. Баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зарур аст, ки дар заминаи дастовардҳои илми ҳуқуқи гражданӣ ва хусусияти миллӣ касб намудани сиёсати ҳуқуқии гражданӣ бояд қонунгузории гражданӣ такмил дода шавад. 
 
ҲИМОЯИ ХУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН  БА МАНЗИЛ
Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс буда, муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба манзил гуногунсамт мебошанд. Зеро манзил ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият, объекти соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ баромад намуда, истифодаи он ба идоракунии фонди манзил ва таъмини коммуналӣ алоқаманд аст. Аз ин хотир, барои таъмини ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон соли 2022 дар фазои ҳуқуқии кишвар Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири  нав  (8 фасл,  18 боб ва 141 модда) аз 1 сентябри соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Зеро Кодекси қаблӣ (12 декабри соли 1997) бинобар сабаби дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, такмил ёфтани меъёрҳои қонунгузориҳои гражданӣ, замин, шаҳрсозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар қонунгузории ҷумҳурӣ зарурати дар таҳрири нав қабул намудани он ба миён омад.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи санади навқабулшуда, аз Кодекси қаблӣ дар он аст, ки меъёрҳо оид ба манзили истиқоматӣ ва навъҳои фонди манзил, таъиноту истифодаи манзили истиқоматӣ, субъект¬ҳои идоракунии фонди манзил, интихоби тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ, баҳисобгирии давлатии фонди манзил ва бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ, назорати давлатии фонди манзил, суғуртаи манзилҳои истиқоматӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳуқуқи моликияти умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ муқаррар шудаанд.
Таҳлили Кодекс нишон медиҳад, ки ҳадафи аслӣ таъмини ҳифзи кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи хуқуқии шаҳрвандон ба манзил мебошад.
 
ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ Ё ҚАДАМИ ДИГАРЕ БАРОИ  РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» (6 боб ва 22 модда) бо мақсади танзими ҳуқуқӣ ва иқтисодии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ин санад тасдиқи барнома, тартиб ва шартҳои пешниҳоди кумакҳои молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ,  инчунин, мониторинги  ҳолати  мелиоративии   заминҳои  обёришавандаи  соҳаҳои  комп-лекси агросаноатиро ба танзим медарорад. Гузашта аз ин, барои рушди як қатор самтҳо, аз ҷумла: таъмини бехатарии озуқаворӣ; устувории бозори маҳсулот ва ташаккули низоми соҳибкории пурмаҳсули кишоварзӣ; дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ; баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути фароҳам овардани шароит барои рушди рустанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ-муҳандисӣ  нигаронда шудааст. Яъне Қонуни мазкур барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз дигар ҷиҳат, бо эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» дар таҳрири нав амри зарурӣ буд.   
Бояд гуфт, ки қабули дигар қонунҳо ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои мавриди амал қарордошта, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо равона шудаанд. 
Ба ҷойи хулоса мо иқтибосе аз Паём меорем, ки ҳам барои хонандагон ва ҳам барои мақомоте, ки назорати қонунҳоро ба уҳда дорад, мувофиқ аст: “Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи Қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад”. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 1739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед