logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ОБШАВИИ БОСУРЪАТИ ПИРЯХҲО БА ОҚИБАТҲОИ БАҒОЯТ МАНФӢ ОВАРДА МЕРАСОНАД»

Дар ҳошияи қабул гардидани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

15 декабри соли равон Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабул ва бо қатъномаи махсуси худ тасдиқ намудани панҷумин ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об ба мардуми кишвар   расонда шуд. 
Тибқи қатъномаи СММ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва аз оғози соли 2025  ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис  медиҳад.
Ҳамзамон, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар назар дошта шудааст.
Қобили зикр аст,  ки зимни суханронии худ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланди эътилофи об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия дар шаҳри Душанбе 3 марти соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки нагирифтани пеши роҳи босуръат обшавии пиряхҳо метавонад ҷомеаи ҷаҳонро ба оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ созад. Яъне, чунин раванд, агар аз як тараф, боиси коҳиш ёфтани оби соф гардад, аз тарафи дигар, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардида, ба фоҷиа ва ҳодисаҳои ногувори табиӣ оварда мерасонад.
Сарвари давлат вобаста ба ин масъалаи ҳассос ва ҷиддӣ ба иштирокчиёни мулоқот пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Хабари қабул гардидани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо беҳтарин паёме ба мардуми Тоҷикистон буд.
Воқеан, ташаббусу иқдомҳои бунёдкорона ва хайрхоҳонаи Сарвари давлати тоҷикон ин фарди дурбину ботадбирро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори адолатпарвару ҳақиқатхоҳи сатҳи баланд, ташаббускор ва роҳбари некбину созанда нишон дод. 
Иқдому ташаббусҳои созанда, аз ҷумла ҳифзи сарватҳои табиӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, гирифтани пеши роҳи истихроҷи газҳои гулхонаӣ ва партовҳои саноатӣ, ифлосшавии муҳити зист, ки аз ҷониби  Роҳбари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир роҳандозӣ гардиданд, мавқеъ ва нуфузи кишвари моро дар байни мамлакатҳои ҷаҳон боло бурда, ба оламиён собит намуд, ки Тоҷикистон дар баробари манифатҳои худ, инчунин, ба дигарон эҳтиром гузошта, манфиатҳои онҳоро низ ҳифз менамояд. 
Дар ду даҳсолаи охир бо иқдому ташаббусҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об  барои ҳаёт» (2005 – 2015),  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”  ва  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва якдилона пазируфта шуда, бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид расмияти ҷаҳонӣ пайдо кард, обрӯ ва мавқеи Пешвои миллати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд.
Воқеан, дар он ҷое, ки об аст,  ҳаёт, кору зиндагӣ ҷӯшу хурӯш дорад. Об дар табиат мисли хун дар бадани инсон онро зинда нигоҳ дошта, бақои ҳаёти ҷовидонаи одамонро таъмин менамояд. Мутаассифона, имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, алалхусус кишварҳои қитъаи Африқо, аҳолӣ аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Онҳо обҳоеро истеъмол менамоянд, ки қобили истифода набуда, манбаи пайдоиши ҳар гуна бемориҳоанд. Тибқи маълумоти расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола аз истифодаи обҳои ифлос ва касалиҳои сироятии марбут ба об қариб ним миллион нафар (485 ҳазор) ба ҳалокат мерасад, ки қисми зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар сайёра зиёда аз 2 миллиард одам аз норасоии об танқисӣ кашида, беш аз 5,5 миллирад нафар дар ҳолати ғайрисанитарӣ умр ба сар мебарад. 
Бо  дарки  моҳияти  ин масъала, таваҷҷуҳи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки захираҳои бою фаровони оби тоза, ки аз дарёву кӯлҳо ва чашмасорони зиёд бармеоянд, бояд ба манфиати давлату миллат самаранок истифода карда шаванд. 
Таваҷҷуҳ  ба проблемаҳои глобалӣ аз тарафи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ташаббусу иқдомҳои созанда гардид. Моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикор ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлилҳои амиқ ва санҷидашуда, соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Ин нахустин иқдом дар миёни давлатҳои ҷаҳон буд, ки дар ин гуна ҷаласаи сатҳи баланд маҳз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд. Онро иштирокчиёни Иҷлосия якдилона ҷонибдорӣ карда, кишварҳои узви ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфтанд.
30 августи соли 2003, дар Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза дар шаҳри Душанбе, ки дар он 500 вакил аз 53 кишвари ҷаҳон ва тақрибан 100 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд, Сарвари давлат ба иштирокчиён муроҷиат карда, таъкид намуданд: “Мо ҳамкории ҳамаи шуморо бесаброна интизор ҳастем, то ки масъулияти одамон барои ҳифзи сарвати бебаҳо, яъне об ва танзими захираҳои он дар Соли байналмилалии оби тоза ва минбаъд ҳам афзунтар шавад. Фикр мекунам, ки ин ягона роҳи дуруст аст, зеро мушкилоти оби тоза дар зарфи як сол ҳалли худро намеёбад ва дар оянда низ аз ҷумлаи ҳассостарин масъалаҳо дар сайёра боқӣ мемонад”.
Мақсад аз ин иқдом ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон пуштибонӣ аз манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳон дар он аст, ки дар нимаи дуюми асри бистум ва оғози асри бисту якум, бинобар зиёд гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёту саноат инсоният ба норасоии шадиди оби нӯшокӣ дучор омадааст, ки нодида гирифтани он метавонад барои аҳолӣ оқибатҳои ногуворро оварад.
Сол ба сол гармшавии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо шуда, аллакай, пайомади он дар баъзе гӯшаву канори сайёра ва Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Аз маълумоти намояндагони пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ бармеояд, ки дар давоми 50-60 соли охир масоҳати як қатор пиряхҳои Тоҷикистон кам гардида, ин раванд имрӯз босуръат идома дорад. Аз рӯи маълумоти коршиносон, масоҳати умумии пиряхҳо дар Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 60 фоизи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябри соли 2017 зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла калонтарин пиряхи Тоҷикистон, Федченко изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки солҳои охир пиряхи мазкур қариб 11 километр масофа ва ҳаҷми худро дар масоҳати 2 км мукааб гум кардааст. Гармшавии иқлим ҷараёни обшавиро тезонда, ҳар сол аз 10 то 15 метр масофаи ин пирях кӯтоҳ мегардад. Ҳамзамон, дар баъзе аз минтақаҳо он ба пиряхҳои алоҳида табдил ёфта, боиси босуръат обшавӣ ва ташкили кӯлҳо мегардад, ки, албатта, чунин табдилёбӣ эҳтимолияти рахнашавӣ ва обхезиро ба вуҷуд меорад. 
 Бо мақсади ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст. Зарурати қабули чунин як барномаи ҳаётан муҳим аз лиҳози аҳамиятнокӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ногузир буд, зеро бар асари гармшавии иқлим дар чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон ҳудуди сеяки худ, яъне 30 фоиз масоҳаташонро аз даст додаанд. Аз 14 ҳазор пирях  ҳазортоаш аз байн рафтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ба шарофати пиряхҳои кишварамон ва обҳое, ки тамоми фасли сол аз онҳо ҷорӣ мешаванд, ҳазорҳо гектар дашту саҳро ва биёбонҳо дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Миёна шодоб мегарданд. Дар сурати нагирифтани пеши роҳи босуръат обшавии пиряхҳо дар солҳои оянда барои кишварҳои поёноби минтақа танқисии норасоии об ба миён меояд.
 Таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки боигариҳои офаридаи табиат на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ, бояд истифода  шавад. Воқеан, агар мо имрӯз сарфакорӣ накунему ба исрофкории неъматҳои табиат идома диҳем, фардо барои наслҳои оянда мушкилиҳои зиёде пеш меоянд. Аллакай, ин мушкилиҳо, аз қабили ҳавои ифлос, дастрасӣ надоштан ба оби ошомиданӣ ва ғизои солим, ки боиси нигаронӣ ва нороҳатии одамон гардидааст, дар як қатор кишварҳо ба назар мерасанд.
Сарчашмаҳои обро ҳифз намудан ва онро самаранок истифода бурдан, аз вазифа ва амали хайрест, ки ҳар як инсон бояд пешаи худ донад. 
Боиси таассуф аст, ки  на ҳама муҳимияти дар ҳаёти инсонҳо чи қадар қадру қимат доштани обро медонанд. Мутаассифона, бисёр омилҳое ҳастанд, ки аз беаҳамиятӣ ва хунукназарии одамон ба вуҷуд омада, сабаби босуръат обшавии пиряхҳо, ифлосшавии сарчашмаҳо ва ҳодисаҳои нохуши табиӣ мегарданд.
Табиати зебою нотакрори кишварамон, рӯду дарёчаҳои шӯхи кӯҳсорон, талу теппаҳои сарсабз, кӯҳҳои осмонбӯс, кӯлҳои обашон мусаффою ширин, чашмаҳое, ки мисли шир аз шахпораҳо  ба поён ҷорӣ мешаванд,  боигарӣ ва сарвати бебаҳои мо, тоҷикон мебошанд. Мо бояд онҳоро барои наслҳои оянда ҳифз намоем.
(Мақола дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии наҷоти Арал омода карда шудааст).
 
АЛАМШОЗОДА А. А,
муовини якуми вазири корҳои 
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед