logo

Хабарҳо

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО. «ҶУМҲУРИЯТ» БА ДИДОРИ ДӮСТРӮЯКОН РАФТ

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар арафаи Соли нави милодӣ бо туҳфаҳои арзишманди идона ва дигар маводи ниёзи аввал барои хушнуд намудани  тарбиятгирандагони  Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки № 2»-и шаҳри  Душанбе шарафёб шуд. Табъи тарбиятгирандагони  марказ, хусусан бо дидани халатачаҳои пур аз ширинии гуногун, болида гашт. Воқеан, мақсад аз дидорбинии мо аз Марказ, лаҳзае ба даст овардани дили тифлакони маъсум буд. 
«Маркази дастгирии оила ва кӯдаки № 2»-и шаҳри  Душанбе яке аз муассисаҳоест, ки  кӯдакони то 6-солаи ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконеро, ки волидонашон дар маҳбасанд ё бемории руҳӣ доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Кӯдакон, ки дар 6 гурӯҳ таълиму тарбия мегиранд, аслан ба чизе ниёз надоранд. Ҷойи зисташон гарм асту озода, хӯрокашон низ нарму саривақтӣ. Даҳҳо навъи бозичаву лавозимоти дигаре, ки барои ҳушманд ва боло бурдани завқи зебоипарастиашон мусоидат менамояд,  фаровон мебошад.  Албатта, мураббияҳои Марказ ҳам бо онҳо хушмуомилаанд. Ягона чизе, ки тифлакони Марказ боз ҳам бештар ниёз доранд, таваҷҷуҳ ва муҳаббат аст, ки ҳар яки мо ба онҳо бояд арзонӣ бидорем. Ҳарчанд ҷойи муҳаббати модар ё падарро муҳаббати дигаре иваз карда наметавонад. 
Ҷумъазода Фирӯз, сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзнома, зимни шодбошии кӯдакон ва тақдими туҳфаҳо гуфт: «Кӯдакони ятиму ниёзманд дар кишвари мо зери  ғамхории  давлат ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мо ин кӯдаконро бепарастор гуфта наметавонем, зеро парастори онҳо Сарвари давлат ва мову шумоему пуштибонашон давлат». 
Воқеан,  ғамхории давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша сари онҳоро сила менамоянд ва барояшон беҳтарин шароити таълиму тарбияро фароҳам меоранд. Ҳамзамон, дар ҳамаи сафарҳояшон ба шаҳру навоҳии мамлакат нахуст ба дидори ятимону бепарасторон мераванд, таъкид мекунанд: «Ман  ҳеҷ вақт ягон ятимро  дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям». 
Мураббияи Марказ Рафоат Салимова, ки собиқаи 15-солаи корӣ дорад, дидорбинии кӯдаконро аз ҷониби нафарони касбу кори гуногун, хосса Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар арафаи Соли нави милодӣ аз фазилатҳои  неки инсонӣ арзёбӣ кард. Дар ин маврид, аз ҷумла гуфт: «Лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, аз ҷумлаи  хислатҳои наҷиби инсонӣ мебошад. Соли дуюм аст, ки кормандони рӯзнома бо дастовез ва ихлосу муҳаббати хос дар арафаи Соли нав ба шодбошии кӯдакон меоянду бо ҳузурашон ба тифлакон як ҷаҳон шодӣ ҳадия мекунанд. Ин ташриф, аз ҷониби дигар,  далели он аст, ки онҳо нисбат ба имрӯзу ояндаи  ин қишри ҷомеа бетафовут нестанд, ки ин хеле муҳим мебошад».
Дар ҳақиқат, чанд лаҳзае, ки кормандони мо дар ҳузури ин тифлакон буданд, шодии онҳоро интиҳо набуд. Шеър хонданд, зери оҳанги фораму қалбошӯб рақсиданду шодӣ карданд ва мо низ бо онҳо ҳамроҳ шудем. 
Идораи рӯзнома оянда низ чунин ибтикори хайрхоҳонаро дар пайравӣ ба муассиси худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома медиҳад. Дуруст аст, ки:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 15713
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед