фарҳанг
ДАР МЕҲМОНИИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ чанд рӯз пеш меҳмони рӯзномаи «Ҷумҳурият» шуд. Ба хотири ташрифу муаррифии бештару беҳтари ин адиби маъруфу маҳбуб, собиқ корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият», шумораи махсуси рангаи иборат аз 16 саҳифаро кормандон омода ва ба нашр расонданд.
Ҷамъомади хотирмонро Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият», ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз хидматҳои ин устоди насру назм, рӯзноманигори шинохта дар рушду такомули соҳаҳои мазкур ва хештаншиносӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ сухан кард.
Абдураҳмони Абдуманнон, адабиётшинос, мутарҷим, номзади илмҳои филология аз шахсияти ӯ ва тарбияи дурусти наслҳои гуногун ба василаи каломи бадеъ ёдовар шуд. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки забони асарҳои адиб, махсусан истифодаи мақолу зарбулмасалҳо, ибораҳои рехтаву сермаънои нависанда, бояд таҳқиқ бигардад. Ҳамчунин, афзуд, қаҳрамонҳои асосӣ ва персонажҳои офаридаи адиб аз қаҳрамонҳову персонажҳои асарҳои дигар адибон тафовут доранд, онҳо табиианд, табиӣ сухан мекунанд. Дар ҳар асар як пораи дил, вуҷуди ин нависанда дида мешавад. Бо камбудиҳои вуҷуддоштаи замони собиқ шуравӣ адиб оштинопазир буд, онҳоро ба воситаи офаридани симоҳои барҷаста ошкор месохт. Яъне, ба ин васила, барои аз байн бурдани онҳо мубориза мебурд.
Зикр шуд, маҳбубияту маъруфияти Абдулҳамид Самад аз он рӯст, ки ӯ ба зиндагии мардум хуб ошноӣ дорад, барои онҳо ва боло бурдани сатҳи маърифат, забондонияшон асарҳояшро таълиф мекунад.
Дар ҳақиқат, тавре зикр шуд, бисёр асарҳое ҳам дар адабиёт ба вуҷуд меоянд, навишта мешаванду хонда, аммо пазируфта намешаванд. Абдулҳамид Самад аз адибонест, ки дар баробари соҳиб гардидан ба обрӯву эътибори хосса асарҳояш ҳам хонда мешаванд ва ҳам пазируфта.
Аз ҳассосияти нависанда ва қаҳрамону персонажҳои асарҳояш, мушоҳидакор буданаш, танзи зебову нозуку нишонрас доштанаш низ, ёдовар шуданд. Ӯ бо асарҳои тарҷумашуда бо забонҳои гуногун ва баргардонии онҳо ба хатти арабиасоси форсӣ дар миёни муҳаққиқону хонандагони кишварҳои хориҷӣ аз маҳбубият бархӯрдор мебошад. Дар ин маврид эътироф намудаанд, ки нависандаест махсуси худаш, яъне роҳу равиш, услуб, тарзи офариниши фарқкунанда дорад, ба ҳеҷ кас монанд нест.
Аз хусуси фаъолияти журналистии Абдулҳамид Самад, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам суҳбат намуданд. Худи адиб махсус зикр кард, ки нахуст дар ҳамин мактаб, яъне рӯзномаи «Ҷумҳурият», чун рӯзноманигор ва нависанда ба камол расидааст. Инчунин, ин даргоҳро барои худ даргоҳи муқаддас медонад.
Ҳамин тавр, Сабзалӣ Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, рӯзноманигорон Мирзо Шукурзода, Зафар Мирзоён, шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур аз дастовардҳои адиб, шахсияти нотакрору ҳунари эҷодии ӯ сухан карданд.
Абдулҳамид Самад бо изҳори сипос аз ташкили чунин як вохӯрӣ ба кормандони ҷавони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири шинохти бештари насли пешини он сипосгузорӣ намуда, асарҳои тозанашрашро ба китобхонаи идораи рӯзнома тақдим кард. Ҳамчунин, аз таҷрибаи касбии журналистӣ ва адабии худ суҳбат намуд.
Дар охир, Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири Нашрияи расмии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият», изҳор дошт, ки ин иқдом минбаъд низ, идома меёбад ва шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар ба меҳмонӣ даъват шуда, вохӯрии онҳо бо насли нави рӯзноманигорони ин Нашрия баргузор мегардад. Ба ин мақсад аз соли нав, яъне соли 2023, рӯзнома рубрикае бо номи «Дар меҳмонии «Ҷумҳурият» таъсис доданӣ аст.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2022 №: 248 Мутолиа карданд: 679