ҳуқуқ
ДАВЛАТДОРӢ. ТАҚВИЯТИ ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТӢ ДАР ВАЗЪИ ТАҒЙИРЁБАНДАИ ҶАҲОНИ МУОСИР АМРИ ЗАРУРИСТ
Дар ҷаҳони муосир ва авҷи танишҳои бесобиқаи сиёсию низомӣ таваҷҷуҳ ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Зеро ин омил дар ниҳоди ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандориро тақвият мебахшад. Дар шароити кунунӣ моҳияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар чӣ зоҳир мегардад, ҷараёни таълим дар робита ба омодагии дифои ҳарбӣ ва иродаи ҳимоят аз марзу буми Ватан дар кадом сатҳ қарор дорад? Хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар суҳбат бо Хайрулло Ҳайдаров, полковники мустаъфии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин суолҳо чунин посух гирифт:
- Вақте сухан дар бораи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ки дар меҳвари он ҷавонон қарор доранд, меравад бояд, қабл аз ҳама, ба ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем: “Дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”. Агар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, мактабу маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон барои дар амал татбиқ намудани ҳамин дастур ё нишондоди Сарвари давлат самимона талош намоянд, мо дар ин самт ба натиҷаҳои баланди маърифатӣ даст меёбем. Моҳияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ дар ҳамин зоҳир мегардад, ки мо бояд бо истифода аз тамоми василаву абзорҳо дар ниҳоди ҷавонон эҳсоси худшиносиву рисолати ватандориро тақвият бахшем.
Дар ҷамъияте, ки ман ба воя расидам ва 21 сол дар хизмати ҳарбӣ будам, шиор ин буд: “Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас”. Айни замон, ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар кишвар хуб аст ва агар сатҳи таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардад, бовар дорам, ки ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватани худ, ҷудонопазирӣ аз таърих, фарҳанг, дастовардҳо, бо назардошти возеҳият ва ивазнашаванда будани арзишҳои миллӣ, пояҳои маънавӣ ва ахлоқии шахсро ташаккул медиҳад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид сохтанд: «Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо аз рӯзҳои аввали истиқлол дарк мекард».
Воқеан, бо талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сифр оғоз шуда буд, ҳамчун кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлол иқтидори баланди мудофиавӣ касб кард. Айни замон яроқу аслиҳа ва техникаи ҷангии Артиши миллӣ аз сарбозу афсарон донишҳои хуби низомиву техникиро талаб дорад, ки заминаи аввалияи он дар мактаб гузошта мешавад. Аз ин рӯ, бояд ба таълими фанни дифои ҳарбӣ диққати бештар зоҳир гардад, ки тадриси он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» (моддаҳои 23, 24, 25) муқаррар шудааст. Ҳангоми таҳсили тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сарбозони оянда аз вижагиҳои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва интизоми ҳарбӣ бархӯрдор мешаванд, ки ин омил дар шароити имрӯза басо муҳиму зарурист. Агар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳо дуруст ба роҳ монда шаванд, пас дар мафкураи ҷавон хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ҷойгоҳи марказӣ пайдо мекунад.
Ҳоло дар ҳар мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мо мушоҳида мекунем, ки дар баробари афзудани теъдоди ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушкилот низ ҷой доранд. Барои рафъи чунин мушкилот бояд, чораҳои нави таъсиррасонро рӯи даст гирифт, аз ҷумла дар ҳар як шаҳру ноҳия участкаҳои хабардоркунӣ бо ҷалби нозири милитсия, директор ё ҷонишини директори мактаби мавҷуда, (донишкада), муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбӣ, муҳим аст. Ба ин амал ҷалб кардани сарбозону афсарони эҳтиётӣ низ манфиатбор мебошад. Ҳамзамон, барои ҷавонони синни 17-18-сола ҳарбиёни собиқадору таҷрибадида ҷаласа ва дарсҳои махсуси омодагии дифои ҳарбӣ гузаранд, ба суди кор аст.
Латифабону РУСТАМЗОДА “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2022 №: 248 Мутолиа карданд: 800