logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ҚУДРАТИ БУЗУРГ ДАР ТАТБИҚИ ОРМОНҲОИ БАШАРӢ АСТ

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки дар низоми давлатдории мо ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва муҳимтарин барномаи амалу созандагӣ шинохта мешаванд, то кунун рисолати бузургу таърихиеро анҷом додаанд, ки таҳаққуқи кулли дастовардҳои дохиливу хориҷии давлат ба тавсия ва нишондоди аз онҳо бархоста гиреҳ мехӯрад. Яъне, усулан дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, ки дар доираи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва стратегияи рушди миллӣ ба миён омадаанд, асосан, пайванди заминавӣ ба паёмҳо дошта, зимни ироаи ҳар як паём аз ҷониби Сарвари давлат тарҳу баён мегарданд.
 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 фарогири муждаҳои тозае буд, ки далолат ба пешрафти бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, татбиқи самарноки сиёсати дохилию хориҷӣ мекунанд. Бо сархати «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд» оғоз ёфтани Паёми навбатӣ, новобаста аз чолишҳои замони муосир ишораи босароҳат ба вусъати корҳои созандагӣ, низоми пойдору фатҳи уфуқҳои нав дар масири рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии давлати соҳибистиқлол дорад. Албатта, Пешвои муаззами миллат дар заминаи таҳлили амиқи рӯйдодҳои як соли ахир ин матлабро зикр намуда, дар оғоз чунин таъкид ба амал оварданд: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».
Воқеан, соли 2022 давлат ва миллати сарбаланди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушду шукуфоӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ боз як марҳилаи пирӯзиҳоро рақам заданд. Шукӯҳи Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда мардуми шукргузори мамлакатро ба тақвияти корҳои созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ такони нав бахшид.
Табиист, ки мардуми заҳматкаши тоҷик аз Паём то Паём дастуру нишондодҳои Президенти маҳбуби кишварро дастури кори хеш қарор дода, ба дастоварду музаффариятҳое даст меёбанд, ки саҳифаҳои таърихи давлатдории навинамонро рангинтар месозад. Зеро ҳар ҳарфу ҳиҷои ин ҳуҷҷати барномавӣ дар худ ҳадафҳои олиеро бозтоб медиҳад, ки нуқтаи ниҳоияш ташаккули як миллати воҳид ва давлати қудратманду нақшофар дар сиёсати байналмилалист. Хушбахтона, халқи тамаддунофари тоҷик бо ҳидоят ва роҳбарии Сарвари дар ҷаҳон ба ҳайси сиёсатмадори маъруфу башардӯст эътирофшудаи худ дар ин ҷода қадам ба қадам касби камолот мекунад. 
Ҳаракати пайваста ба қаламрави саодати миллӣ ва таҳкими ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳолест, ки солҳо пеш расидан ба чунин марзу эътибор қобили пешбинӣ набуд, балки тасаввур ҳам намешуд. Вале ин ҳама ормонҳои деринтизор аз файзи хиради сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат ба тахти худ биншаст.
Чун солҳои қаблӣ як бардошти бисёр муҳим дар он зоҳир мегардад, ки дар Паёми навбатӣ низ ба масоили фаромиллӣ афзалияти хос дода шуд. Меҳвари суханронӣ ва ибтикороти шоистаи Президенти мамлакат собит менамоянд, ки Сарвари давлати мо на танҳо дар хусуси таъмини пешрафту зафармандии халқи худ, балки барои рифоҳи зиндагии мардумони фаротар аз марзҳои Тоҷикистон ё худ аҳли башар меандешанд. Ин далелро пешниҳоду ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Пешвои миллати тоҷикон вобаста ба ҳалли мушкилоти сайёра, мавқеъгирии устувору ошкор дар мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир собит месозанд. Дар робита ба чунин равиши инсондӯстона имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ самимият ва талошҳои бедареғи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масоили глобалӣ дарк намуда, пешниҳодҳои созандаи кишвари моро дастгирӣ менамоянд. Мисоли равшани он дар канори чаҳор ташаббуси байналмилалии қаблан пазируфташуда, вобаста ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад. 
Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ чунин изҳор доштанд: “Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад”. 
Дар ҳақиқат, тавре Президенти мамлакат низ ишора намуданд, мояи ифтихор ва сарфарозист, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Яқин аст, ки агар ин амри муҳим аз як сӯ, ба пешгирии фоҷиаҳои инсонии вобаста ба обу иқлим мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба баланд бардоштани имиҷи сиёсии кишвари мо бетаъсир нахоҳад буд. Гузашта аз ин, аҳамияти фавқулода муҳими ин ташаббусро метавон дар номаи табрикии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, ки гуфта мешавад, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, то барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. 
Дабири кулли СММ дар барқияи табрикии худ вобаста ба қабули Қатънома таҳти унвони “2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳор медорад: “Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад”.
Ин матлаби Антониу Гутерриш ва ҳамоҳангии кишварҳои ҷаҳон ба ташаббусҳои  байналмилалии  Пешвои  миллат нишон медиҳанд, ки чунин мавқеъгирии расмию сиёсии Тоҷикистон амалан посухгӯ ба манофеи башарӣ ё ҷомеаи байналмилалист. Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатъномаи СММ дар робита ба ташаббуси навбатии кишвари мо тасдиқи хамин амр буда, Тоҷикистонро на ҳамчун як давлати аз лиҳози ҷуғрофӣ хурд дар қораи Осиё, балки қудратманде дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон мешиносанд, ки дар татбиқи ормонҳои башарӣ пешдастӣ нишон медиҳад.
Албатта, имкон надорад шарҳу тавзеҳи нуктаҳо ва бозтоби пурраи нақшу мақоми Паём дар рифоҳи ҷомеа дар доираи як навишта фаро гирифта шаванд. Зеро ҳар як сатри он, ба мазмуну мантиқ барномаи мукаммалест, ки аз андешаву ормонҳои миллӣ, хештаншиносиву ватанпарастӣ таркиб ёфта, амалкарди давомдорро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчун таблиғгари ҳақбини сиёсати давлату Ҳукумат ва ормонҳои миллӣ талош меварзад, ки дар идомаи рисолати бунёдии худ ҳадафҳои меҳварӣ, ҷараёни татбиқ ва иҷрои босалоҳияти нишондодҳои Паём – ин чароғи ҳидоят ба фардои боз ҳам дурахшони давлату миллатро пайваста бозтоб ва пайгирӣ намояд.
 
“Ҷумҳурият” 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2022    №: 249    Мутолиа карданд: 628
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед