logo

сиёсат

ПАЁМ. ТАРҲИ НАҚШАВУ АМАЛҲОИ НАВИ РУШДИ МИЛЛӢ

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ қарор доранд. 
 
Агар ба дарунмояи Паём таваҷҷуҳ фармоем, ба назар мерасад, ки Сарвари давлат асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинанд. Аз ҳамин ҷост, ки таъкид мекунанд: “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем”.
Пешвои миллат мутмаинанд, ки маҳз ҳисси масъулиятшиносӣ моро водор месозад, то “боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.
Омили дигаре, ки ба андешаи Президенти маҳбуби кишвар барои расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ мусоидат менамояд, ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як шаҳрванд мебошад. Албатта, ҳар инсони содиқ ба халқу Ватан пайваста кӯшиш мекунад, ки баҳри ободии кишвараш ва осудагии халқи худ ҳиссаи худро бо амалҳои шоиста гузорад. Аз ҳамин лиҳоз, дар Паём даъват ба амал оварда шуд, ки “мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Дарки мафҳумҳое, ки барои пешрафти кишвар замина мегузоранд, ҳар шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба имрӯз ва ояндаи кишвари худ бепарво набошад. Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ Сарвари давлат дастур медиҳанд, ки “ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Омили асосӣ ва хеле муҳими пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Қарзи шаҳрвандии мо дар назди Ватан ҳимояи марзу бум, арзишҳои маънавию моддӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Дарунмояи ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Роҳбари давлат матраҳ мегарданд, ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: “Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.
Дастуру супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардидаанд, барномаи пешрафти кишвари мо дар ояндаи наздик ва дур мебошанд. Пешвои миллат зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакатро дар оянда муайян намуданд. Дар Паём дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии муҳим вазифагузориҳои наву ҷиддӣ ба миён гузошта шуд. 
 
Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2022    №: 249    Мутолиа карданд: 649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед